Барои ширкат дар нишасти навбатии Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар ҳошияи сафари раисҷусҳури Тоҷикистон ба Ӯзбекистон баргузор хоҳад шуд, беш аз 250 нафар намояндагони доираҳои тиҷоратӣ ва соҳибкории Тоҷикистон имрӯз, 15.08 озими Тошканд шуданд.
Ин ҳайат аз намояндагони ширкатҳои истеҳсоли алюминий ва маҳсулоти алюминӣ, заргарӣ, дӯзандагиву бофандагӣ, хӯрокворӣ, маснӯъоти чармӣ, масолеҳи сохтмон, матоъ, либосу пойафзол мураттаб шудааст.
Қарор аст пас аз нишаст беш аз 40 санади ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 200 млн. доллари ИМА ба имзо расад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 17-18 август бо сафари расмӣ дар Ӯзбекистон қарор хоҳад дошт ва интизор меравад дар ҷараёни сафар ҳудуди 23 созишнома ва санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расад.
Пас аз поёни сардиҳо байни ду кишвари ҳамсоя бори аввал аст, ки раисҷумҳури Тоҷикистон ба Ӯзбекистон меравад. Сафари қаблии ӯ моҳи марти соли 1998 сурат гирифта буд.