Даромади муҳоҷирони кории Узбекистон дар соли 2020 беш аз 6 миллиард доллар эълом шуд.
Бонки марказии Узбекистон дар гузорише аз афзоиши даромади ин кишвар аз ирсоли маблағҳои коргарони муҳоҷир хабар дод.
Ин бонк эълом кард: Бо вуҷуди густариши корона дар кишварҳои мухталиф дар соли 2020 коргарони муҳоҷири узбек 6 миллиарду 30 миллион доллар ба дохили кишвар мунтақил кардаанд.
Бонки марказии Узбекистон пешбинӣ кард имсол ҳам раванди интиқоли пули коргарони муҳоҷири ин кишвар ру ба афзоиш хоҳад буд.
Ин дар ҳоле аст, ки дар соли 2020 дар Тоҷикистон мизони маблағҳои ирсолии коргарон аз Русия ба мизони қобили мулоҳизае коҳиш ёфт.