Раисҷумҳури ҷадиди Амрико нахустин паёми худро дар ҳисоби твиттерии мухтас ба сарони ин кишвар таҳти унвони “potus@” мунташир кард.
Ҷу Байден, раисҷумҳури ҷадиди Амрико бо интишори нахустин паёми худ дар ҳисоби твиттерии мухтас ба сарони ин кишвар таҳти унвон «potus@» эълом кард: Ҳеҷ вақти талаф кардан барои ҳали мушкилоти пешрӯи мо надорем. Бад-ин далел имрӯз дар инҷо ҳастам.
Вай дар аввалин паёми твиттери худ ба унвони чиҳилу шашумин раисҷумҳури Амрико ҳамчунин навишт: Ба дафтари байзӣ бо ҳадафи анҷоми иқдомоти дилерона ва таъмини ниёзҳои хонаводаҳои амрикоӣ хоҳам рафт.
Гуфтанист, ки ширкати твиттери ҳисоби корбарии Доналд Трамп, раисҷмуҳури пешини Амрикоро рӯзи ҷумъа 8 январ барои ҳамеша масдуд кард.
Ин шабакаи иҷтимоӣ ҳамчунин паёмҳои Трамп дар ҳисоби potus@ро низ ҳазф ва далели ин иқдомро юриши ҳаводорони вай ба сохтимони Кунгираи Амрико дар 6 январ эълом кард.