Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз риоя нашудани қоидаҳои беҳдоштӣ дар кишвар изҳори нигаронӣ кардааст. Дар муроҷиъати вазорат ба шаҳрвандон гуфта мешавад бепарвоиву бемасъулиятии шаҳрвандон метавонад боиси авҷ шуйӯъи вирус ва зиёд шудани шумораи гирифторони COVID-19 дар Тоҷикистон мегардад.
“Имрӯзҳо бархе шаҳрвандони мамлакат бар хилофи тавсияи мутахассисони соҳа ҷиҳати пешгирии ин беморӣ амал намуда истодаанд… Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, кӯчаву хиёбонҳо, марказҳои хизматрасонӣ, дохили нақлиёти ҷамъиятӣ ва дигар ҷойҳои серодам шаҳрвандони зиёдеро вохурдан мумкин аст, ки ниқоби тиббӣ надоранд ва фосилаи иҷтимоиро риоя намекунанд” — омадааст дар муроҷиатнома.
Вазорат ба шаҳрвандон муроҷиат карда гуфтааст, ки пешгирии COVID-19 “аз ҳар яки мо сокинони Тоҷикистон вобастагии калон дорад, зеро, агар мо қоидаҳои пешгирии бемории мазкурро қатъиян риоя намоем ва дар самти пешгирии он саҳмгузор бошем, метавонем ҳарчи зудтар кишварамонро аз ин беморӣ наҷот диҳем ва ба кору зиндагии муқаррарӣ баргардем”.
Вазорати тандурустӣ ба волидон хитоб мекунад, ки “шумо масъул ва вазифадор ҳастед, ки фарзандони хешро дар самти риояи қоидаҳои пешгирии бемории COVID-19 қатъиян назорат намоед. Ба онҳо бояд бифаҳмонед, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ фосилаи иҷтимоиро риоя намоянд ва ҳатман аз ниқоби тиббӣ истифода баранд”.
Аз масъулини тамоми вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва дигар сохторҳои давлативу ғайридавлатиро даъват шудааст, ки “дар самти риояи қоидаҳои пешгирии бемории COVID-19 дар байни кормандони хеш корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намоянд ва масъалаи мазкурро таҳти назорати қатъӣ қарор бидиҳанд”.