Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷаласаи XVII-и вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи ҳамкориҳои Осиё (ACD) таҳти унвони “Саёҳати нави муқаррарӣ, бехатар ва солим”, ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, ширкат варзид.
Тавре бахши иттилооти департаменти сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, дар суханронии худ Сироҷиддин Муҳриддин мавқеи Тоҷикистонро дар мавриди самтҳои гуногуни ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Муколамаи ҳамкории Осиё баён кард. Дар ин робита, аҳаммияти андешидани чораҳои зарурӣ барои вокуниши муносиби муштарак ба чолишҳо ва таҳдидҳои пайдошуда таъкид гардид.
Муколамаи ҳамкориҳои Осиё дар соли 2002 таъсис ёфтааст ва як созмони байниҳукуматӣ мебошад. Ин созмон кӯшиш мекунад, ки бозори савдо ва молиявиро дар Осиё васеъ кунад. Дар аввал, ба ин созмон 18 кишвар шомил буданд. Аз соли 2016 инҷониб Муколамаи ҳамкориҳои Осиё 34 кишвари Осиё ва Ховари Миёнаро муттаҳид мекунад.