Вазири умури хориҷаи Афғонистон эълом кард, ки “конфронси таърихии уламои ҷаҳони ислом барои таъмини сулҳ дар Афғонистон” ба зудӣ баргузор мешавад
Муҳаммад Ҳаниф Атмаар, вазири умури хориҷаи Афғонистон, ки ба Арабистони саудӣ сафар карда дар дидор бо Муҳаммад ибни Абдулкарим Алъ-исӣ, дабири кулли Иттиҳодияи ҷаҳони ислом дар Риёз гуфт: Конфронси таърихии уламои ҷаҳони ислом перомуни сулҳи Афғонистон ба зудӣ баргузор хоҳад шуд.
Вазорати умури хориҷаи Афғонистон тайи баёнияе эълом кард: “Атмаар дар ин дидор бо ишора ба фаъолитҳои минтақаӣ ва фаромитақавии гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ва минтақа ва ҳамчунин ҷиноёти ваҳшатнок дар Афғонистон гуфт: Ин хушунатҳо натанҳо бо мӯътақидоти исломӣ дар тазодданд, балки бо ҳеҷ дин ва оине созгорӣ надоранд”.
Вай афзуд: “Тундравҳои кишварҳо ва созмонҳои мухталиф барои пайгирии аҳдофи мушаххас, Афғонистонро ба майдони ҷанги худ табил кардаанд. Наҷоти Афғонистон аз ҷанги ҷорӣ дар воқеъ ба маънои наҷоти ҷаҳони ислом ва ҷомеаи башарӣ аз таҳдиди рӯ ба густараши хушунат ва терроризми ҷаҳонӣ аст”.
Ду тараф перомуни авзоъи ҷории Афғонистон, ба вижа нақши уламо ва мароҷеъи динии ҷаҳони ислом дар поён додан ба хунрезӣ ва таъмини сулҳ дар Афғонистон ва мубориза алайҳи терроризм баҳс ва табодули назар карданд.
Дабири кулли Иттиҳодияи ҷаҳони ислом низ дар ин дидор бо баёни ин ки поёни ҷанг ва эҷоди сулҳи пойдор дар Афғонистонро масъулияти худ медонем эълом кард, ки дар ислом ҷиноят, хунрезӣ ва терроризм ҷой надорад.
Муҳаммад ибни Абдулкарим Алъ-исӣ гуфт, ки аз гурӯҳи Толибон низ даъват хоҳад шуд, ки дар ин конфронси уламои ҷаҳони ислом перомуни ҷанги Афғонистон ширкат кунанд.