Теъдоди қурбониёни ҳамлаи мусаллаҳонаи ҳомиёни Муқтадо Садр, раҳбари ҷараёни Садр дар устони Наҷаф, ҷануби Ироқ ба 11 нафар расид.
Як масъули бемористонм “Ал-садр”-и устони Наҷафи Ироқ ба хабарнигорон гуфтааст: Теъдоди қурбониёни ҳамлаи мусаллаҳонаи ҳомиёни муқтадии Садр дар ин устон ба 11 нафар расида ва 122 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Ба гуфтаи ӯ, онҳо бо гулӯла ва силоҳи сард мавриди ҳамла қарор гирифтаанд. Дирӯз дар ҳамлаи афроди вобаста ба Муқтадо Садр дар шаҳри Ал-ҳила маркази устони Бобул як мӯътаризи дигар кушта шуд
Муқтадо Садр чанд рӯзи пеш аз гурӯҳи “кулоҳиобиҳо” , ки вобаста ба ин раҳбари шиа аст, хост, ки то бо масъулон дар бозгашти мадорис ва бозгашти шароити оддӣ ба касбу кор дар шаҳрҳои Ироқ ҳамкорӣ кунанд.
Гуфтанист Одил Абдулмаҳдӣ, нахуствазири пешини Ироқ дар 29 ноябри 2019 ба далели эътирозоти зидди давлатӣ дар ин кишвар истеъфо кард. Маҷлиси Ироқ дар якуми декабри 2019 истеъфои вайро пазируфт.
Барҳом Солеҳ, раисҷумҳури Ироқ Муҳаммад Тавфиқ Иловиро маъмури ташкили кобинаи ҷадиди ин кишвар кард. Ў бояд зарфи як моҳ раъйи эътимоди Маҷлиси Ироқро касб кунад.
Вай пештар вазири иртибототи Ироқ будааст. Мӯътаризони ироқӣ тазоҳуроти худ алайҳи интисоби Иловӣ ба самти нахуствазири ин кишварро идома медиҳанд.