Мамнуъияти муомила бо ҳусиҳои Яман, ки ба далели қарор додани ин гурӯҳ дар феҳристи террористӣ аз сӯи Трамп эъмол шуда буд, ба муддати як моҳ мутаваққиф шуд. Ин кор ба манзури кумакрасонӣ ба мардуми Яман, ки дар вазъияти фоҷиабори инсонӣ ҳастанд сурат гирифтааст.
Давлати Ҷо Байден рӯзи душанбе, 25 январ таҳрими муомила бо ҳусиёни Яманро ба муддати як моҳ мутаваққиф кард. Ин таҳримҳо ба далели он ки давлати Трамп ин гурӯҳро дар феҳристи гурӯҳҳои террористӣ қарор дода буд, эъмол шуд, аммо ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ ин таҳримҳоро монеъи ирсоли кумак ба мардуми Яман ва вахимтар шудани вазъияти инсонӣ дар ин кишвар дониста ва ба он эътироз карда буданд.
Вазорати хазонадории Амрико дар ёддоште дар ин бора эълом кард, ки муомила бо ин гурӯҳ то нимаи шаби 26 феврал муҷоз хоҳад буд. Ин дастур албатта шомили колоҳое, ки пеш аз ин тавқиф шудаанд, намешавад.
Ин иқдом пас аз он сурат гирифт, ки Энтони Блинкен, номзади Байден барои вазорати умури хориҷаи Амрико эълом кард, ки “қарор додани ҳусиҳои Яман дар феҳристи террористиро маврид бозбинии муҷаддад қарор хоҳад дод ва ҳимояти низомӣ аз ҳамалоти Арабистони саудӣ дар Яманро мутаваққиф хоҳад кард”.
Доналд Трамп, раисҷумҳури пешини Амрико ҳамкории бисёр наздике бо Арабистон ба хусус дар мухолифат бо Эрон дошт ва дар ин росто дар охирин рӯзи зимомдориаш дар 19 январ гурӯҳи шиъаи ҳусиёни Яманро, ки аз сӯи Ҷумҳурии Исломӣ ҳимоят мешаванд, дар феҳристи гурӯҳҳои террористӣ қарор дода буд.
Майк Пампео вазири хориҷаи давлати Трамп эъмоли ин таҳримҳоро эълом карда буд, бо ин ки гурӯҳҳои кумакрасонӣ ҳушдор дода буданд, таҳрими ҳусиҳо вазъияти ранҷбори мардуми Яманро, ки беш аз 80 дарсадашон барои зинда мондан ба кумакҳои инсонӣ ниёзманданд, бадтар хоҳад кард.
Истидлоли ниҳодҳои башардӯстона ин аст, ки барои кумакрасонӣ ба мардуми Яман ҳеҷ роҳе ҷуз муомила бо ҳусиҳо вуҷуд надорад, чаро, ки ин гурӯҳи шӯришӣ бештари манотиқи Яман аз ҷумла пойтахти ин кишвар Санъоро дар тасарруф дорад.
Пампео исрор дошт, ки вазорати хориҷа барои кумакҳои инсонӣ истисно қоил шудааст, аммо Блинкун мегӯяд ин кофӣ нест чаро, ки фақат шомили созмонҳо ва ниҳодҳои амрикоӣ мешавад. Вазорати хазонадорӣ бо афзудани як табсираи муассисоти ғайри амрикоиро аз ин таҳримҳо муоф кардааст.
Аз замоне, ки Арабистони саудӣ бо ҳамкории кишварҳои арабӣ, шаш соли пеш ҷанг алайҳи ҳусиҳоро ба пуштибонӣ аз давлати расмии Яман оғоз кард, то кунун даҳҳо ҳазор нафар кушта ва миллионҳо тан овора шудаанд.