Рубрики Хабарҳо

Суолҳо ба муаллифони паёми Эмомалӣ Раҳмон. 10 суоли аввал

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 26 январ паёми солонааш ба рӯпарлмонро ироа кард. Ин паём аз паёмҳои қаблиаш фарқи чандоне надошт ва пур аз лофу газоф буд. Ҳар касе ба ин паём гуш андозаду аз воқеъиятҳои Тоҷикистон огоҳӣ надошта бошад, ба ин натиҷа мерасад, ки ҳукумати ин кишвар муваффақтарин ҳукумат дар ҷаҳон, ҳади ақал даср соли 2020 будааст. 

Раҳмон аввалин шуда дар ҷаҳон пирӯзии комил бар COVID-19-ро эълон кард ва муддаъӣ шуд, ки ин вирус аз Тоҷикистн рахт барбастааст. Ва онро аз дастовардҳои ҳукумати кишвар талаққӣ кард. Дар ҳамин ҳол, бо вуҷуди эълони пирӯзии комил бар вирус, тамоми ҳузурдоштагон дар ин нишаст бо ниқоб нишастаанд  Бояд гуфт, Эмомалӣ Раҳмон яке аз охирин раисҷумҳурҳо буд, ки вуҷуди вирус дар кишварашро эътироф кард ва кӯшид то гузаштани интихобот вирусро ҳабс кунад. Ду ҳафта қабл аз паёми раисҷумҳур “ғайб” задани вирус ҳам ба ҳамон дертар аз ҳама дар Тоҷикистон пайдо шуданаш бисёр шабоҳат дорад. 

Бештари иддаоҳое, ки Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш аз рушди кишвар кард, ба мантиқ рост намеоянд ё ҳади ақал суолбарангезанд. Бо вуҷуди пур аз таноқуз будани “факту рақамҳо”-и дар паём ҷойдошта, раисҷумҳур онро бо ифтихор қироат кард ва вакилону вазирону раисон низ ҳар ҷумлаи ӯро бо кафкӯбиҳои пурмавҷу бардавом истиқбол краданд. Ин таноқузҳо дар паём бо ду сабаб ҷой дошта метавонанд: 

1. Онҳое, ки ин паёмро барояш навиштаанд медонанд, ки раисҷумҳур ба фаҳми он намеравад ва ҳарчӣ рӯи қоғаз аст қироат мекунад;

2. Раҳмон ҳам медонад, ки ҳар чӣ мегӯяд дурӯғ аст, аммо бояд бигӯяд ва мардумро барои муддати дигаре ба олами хаёлии “биҳишти рӯи замин” барад.

Мо тасмим гирифтем бархе аз суолҳое, ки аз ин паём бармеояд ба раисҷумҳур ва муаллифони он ироа кунем. Бо ду ҳадаф: а) агар Раҳмон намефаҳмад, ки аз қоғаз чӣ хондааст, метавонад саволҳои моро ба муаллифон ироа кунаду аз онҳо посух талаб намояд; б) агар ӯ ҳам дар ин ироаи дурӯғ ва фиреби мардум даст дорад, бояд ҳамроҳ бо ҳукуматашу муаллифони ин паём ва вакилону вазироне, ки барояш ин қадар кафкӯбӣ карданд, назди мардум посух гӯяд. Чун масъул аст. 

Барои фаҳмо шудани суолҳо мо аввал иддаои раисҷумҳурро меорем, сипас суолро.

1.  “Иқтисодиёти кишвар дар соли 2020-ум 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид”. 

Суол: Агар иқтисод рушд кард, чаро буҷа камбуд дошт ва он аз кадом ҳисоб ба вуҷуд омад?

2. “Дар ин давра 9,7 фоиз афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ 8,8 ва гардиши савдои хориҷӣ 0,8 фоиз, аз ҷумла содирот дар ҳаҷми 19,8 фоиз заминаи рушди иқтисоди кишварро ба вуҷуд овард”.

Шарҳи “Паём”: Зикр нашуд, ки беш аз 55 дарсади содиротро тиллову сангҳои қиматбаҳо ташкил доданд, ки захираи давлат маҳсуб мешавад. Омор нишон медиҳад, ки имсол содироти молу маҳсулоти дигари Тоҷикистон коҳиш ёфтаанд.. Дар даҳ моҳи соли 2020, аз $1 млрд. 253 млн маблағи содирот ҳамагӣ $564 млн.ашро молу маҳсулоти дигар ташкил медиҳанд.  $689,7 млн.и он ба сангу металҳои гаронбаҳо рост меоянд, ки 55 дарсали содиротро ташкил додаанд. Агар содироти молу маҳсулоти дигар ба ҳамин минвол идома карда бошанд, маблағи он ба ҳудуди  $675 млн баробар шудааст, ки нисбати соли гузашта 30% камтар аст! 

Суол: Агар истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишвоарзӣ қариб 10% бештар шудааст, чӣ гуна содирот 30% камтар ва воридот бештар гашт?

3. “Хусусан, истеҳсоли маҳсулоти озуқа нисбат ба соли 2019-ум 28,3 фоиз афзоиш ёфт, ки ба беҳтар таъмин гардидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ мусоидат намуд”.

Суол: Тибқи қонуни иқтисод ба ин миқдор афзоиш ёфтани истеҳсол ба поёнравии нарх, афзоиши содирот ё  камшавии воридот ба ҳамин миқдор мерасонад. Чаро нархҳо баръакс қариб 30% боло рафтанд, содирот камтар шуд ва воридот тағйир наёфт?

4. “Соли гузашта 300 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо беш аз 6500 ҷойи корӣ, 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63 ҳазор нафар хонанда, 108 муассисаи тиббӣ ва ба масоҳати беш аз 1,2 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шуданд”.

Суол: Агентии омор дар ҳисоботаш мегӯяд соли гузашта дар Тоҷикистон тақрибан 120 корхонаҳои хурд ва коргоҳҳои саноатӣ ба истифода дода шуданд ва 13000 ҷои нави корӣ эҷод карданд. Рустами Эмомалӣ, писари раисҷумҳур ва шаҳрдори пойтахт дар нишасти шӯроии шаҳри Душанбе иддао кард, ки бо ифтитоҳи марказҳои саноатии  ҷадид 24 ҳазор ҷои корӣ барои сокинони пойтахти Тоҷикистон эҷод шуд. Ба кадомаш бовар кунем: 6500- и раисҷумҳур, 1300-и Агентии омор ё 24 000 танҳо дар Душанбеи Рустами Эмомалӣ?

5. “Дар ин давра зиёда аз 193 ҳазор ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ ташкил карда шуда, даромади пулии аҳолӣ 10 фоиз афзоиш ёфт”.

Суол: Манбаъи даромади 70-80 дарсади аҳолӣ аз ҳисоби муҳоҷират аст, ки имсол бинобар пандеми интиоли маблағ хеле камтар шуд. Қурби пули миллӣ ҳам беш аз 10% поин рафт. Нархҳо аз 15 то 40 дарсад боло рафтанд. Даромади аҳолӣ аз кадом ҳисоб 10% боло рафт?

6. “Соли 2020 дар саросари кишвар 18300 иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ба истиқболи ҷашни сисолагии истиқлол банақшагирифташуда, ки бештари онҳо иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва варзиш мебошанд, бунёд ва ба истифода супорида шуда, бо ҳамин роҳ даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё карда шуданд”.

Суол: Агар фарз кунем, ки ними ин “иншоот” ба шаҳрҳои калон рост меоянд (масалан 4000 Душанбе, 2000-ӣ Хуҷанду Бохтар ва 1000 шаҳрҳои дигар, ки хеле баъид аст), пас ба ҳисоби миёна дар ҳар ноҳия ҳудуди 150 иншоот сохта шудааст. Оё ба рӯйхати иншоот ҳоҷатхона, сартарошхона ва қуттии партов ҳам ворид мешаванд? Агар не, пас лутфан рӯйхати иншоот дар се ноҳияи миёнаи се вилоятро нашр кунед.

7. “Дар ҳафт соли охир ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ аз 14,6 миллиард сомонии соли 2014 то 23,6 миллиард сомонӣ дар соли 2020 афзоиш ёфт”.

Суол: буҷаи соли 2014 ба ҳисоби доллар 3 миллиарду 100 миллион ва буҷаи соли 2020 2 миллиарду 200 миллионро ташкил медод. Аз афзоиши буҷа бо сомониву камшавиаш бо доллар, зиндагии мардум беҳтар шуд ё бадтар?

8. “Танҳо дар панҷ соли охир дар дохили кишвар ба маблағи умумии беш аз 44 миллиард сомонӣ маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол карда шуд, ки боиси хеле коҳиш ёфтани вобастагии бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти воридотӣ гардид”.

Суол: соли 2015 ҳам Тоҷикистон ба маблағи  $3,4 млрд воридот ва соли 2019 ҳам ба маблағи $3,4 млрд воридот доштааст. Пас чӣ гуна вобастагии бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти воридотӣ камтар шудааст?

9. “Соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуда буд. Танҳо соли 2020–ум 300 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо зиёда аз 6500 ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Дар натиҷа соли гузашта шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 2274 расида, тибқи ҳадафҳои муайянгардида дар ҳафт соли оянда ба зиёда аз 3500 расонида мешавад, яъне беш аз 54 фоиз афзоиш меёбад”.

Шарҳи Паём: Аз муроҷиъати худи Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дар октябри соли 2019: соли 1991 дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон 215 ҳазор нафар ё 13% аҳолии фаъол дар иқтисодиёт кор мекарданд. Соли 2018 ин рақамҳо мутаносибан 85,6 ҳазор ва 3,5%-ро ташкил доданд. Яъне соли 1991 дар ҳар корхонаи саноатӣ ба ҳисоби миёна 600 нафар ва соли 2018 ҳамагӣ 40 нафар кор мекарданд. 

Суол: “Корхонаи саноатӣ” гуфта Эмомалӣ Раҳмон чиро дар назар дорад? Оё сехҳои дӯзандагие, ки дар ҳар сафараш ба ноҳияҳо лентаашро мебуррад ба шумори ин корхонаҳо ворид мешаванд? 358 корхонае, ки 215 000 нафарро ба кор таъмин мекунанд беҳтар аст ё 2200-е, ки 86 000-ро?

10. “Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати ҳалли мушкилоти соҳаи энергетика ва рушди он 34 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 57,2 миллиард сомонӣ амалӣ карда шудааст. Ҳоло дар ин самт боз 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 16,4 миллиард сомонӣ татбиқ гардида истодааст”.

Суол: 57,2+16,4=73,6 миллиард сомонӣ. Дар ин муддат Барқи Тоҷик беш аз 30 млрд қарздр шудааст. Қарзҳои аз тарафи давлат бахшидашудааш ба назар гирифт шавад дар умум беш аз 110 миллиард сомонӣ мешавад. Яъне пули ду Роғун(!) масраф шудааст. Пас чаро мардум то ҳол барқ надорад ва ин пулҳо куҷо шуданд?

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *