Рубрики Хабарҳо

Баҳси додгоҳии корманди «Эсхата»бо рӯзноманигор ба таъвиқ афтод

Рӯзноманигор Миҷгона Ҳалимоваро боз ба додгоҳ кашиданд. Аз ӯ 50 ҳазор сомонӣ талаб доранд. Марҳилаи аввали судӣ  дар Суди шаҳри Ваҳдат имрӯз 26 январ баргузор гардид.

Дар ин бора Завқибек Саидаминӣ, рузноманигори тоҷик дар саҳифаи фейсбукияш хабар дод. 

Ба иттилои манбаъ зимни баргузории мурофиаи судӣ “ҷонибҳо худро шиносоӣ намуда, ба даъвогару ҷавобгар ҳуқуқҳояшон фаҳмонда шуд. Аммо, “бинобар дар сафари хизматӣ будани ҳимоятчии Мижгона Ҳалимова, мурофиаи суд ба рӯзи дигар гузаронида шуд!”

Гуфта мешавад, марҳилаи навбатии судӣ санаи 1 феврали соли 2021 дар толори Суди шаҳри Ваҳдат баргузор мегардад.

Гуфтанист, Мижгона Ҳалимова рӯзноманигори тоҷикро як оператор-нозири Маркази хизматрасонии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Эсхатабонк” дар шаҳри Ваҳдат Хайриддин Шарифзода ба додгоҳ кашидааст ва хостори рӯёндани 50 ҳазор сомонӣ зарари ҷуброни маънавӣ аз ӯ шудааст.

Тавре Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон дар сайти расмиаш дар ин бора навиштааст, “ин корманди бонк Мижгона Ҳалимоваро барои резонидани шанъу шараф ва эътибори корӣ ба додгоҳ кашидааст. Аммо худи Мижгона Ҳалимова мегӯяд, ки ин даъвои  корманди бонк асос надорад ва далели собиткунандае ҳам надорад.

Хабаргузории АзияПлюс 19 январи 2021 хабар дода буд, ки Мижгона Ҳалимова  ба ин расона гуфта, ки дар моҳи октябр ҳангоми аз бонк гирифтани мабалғ “ин корманди бонк дар баробараш муносибати дағалона, ҳато дошноми қабеҳ дода буд”.

Ҳалимова афзудааст, “Баъдан ман дар саҳифаи фейсбукиям навишта будам, як гурӯҳи корӣ ҳамон вақт ташкил карда шуд, намоянда аз Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Эсхата маро даъват намуда, дар шаҳри Ваҳдат, ҷойе, ки Хайриддин Шарифзода кор мекунад мулоқот доир шуд. Он замон Шарифзода аз ман узр пурсида буд. Ҳамон вақт ба ман намояндагони бонк гуфта буданд, ки метавонӣ Хайриддин Шарифзодаро барои рафтори дағалонаш дар вақти корӣ бо муштариён, ба ҷавобгарии ҷинояти бикашӣ. Аммо он замон ман аз ӯ шикоят набурдам, ӯро бахшидам”.

Вале бону Ҳалимова гуфта, ки  пас аз як моҳи ҳодиса аз додгоҳи шаҳри Ваҳдат ба ӯ занг зада гуфтанд, ки оператор-нозири Маркази хизматрасонии ҶСК “Эсхатабонк” дар шаҳри Ваҳдат Хайриддин Шарифзода нисбаташ барои паст зани шаъну шараф ва этибори корияш шикоят бурдааст.

Мижгона Ҳалимова ҳам баъд аз ин алайҳи  Хайриддин Шарифзода ба догоҳи шаҳри Ваҳдат аризаи муқобили даъво додааст. Мижгона Ҳалимова ҳам аз догоҳ хостааст, ки Хайриддин Шарифзодаро барои муносибати дағалона ва алфози қабеҳ ҷавобгар кунанд.

Гуфтанист, дар гузашта ҳам Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон алайҳи рӯзноманигор Мижгона Ҳалимова барои хабар надодан ба мақомот парванда боз карда буд ва додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ӯро 25 ҳазор сомонӣ ҷарима баста буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *