Равшанбек Собиров, раиси Анҷумани тоҷикони Қирғизистон ба номи Рӯдакӣ дар ҳукумати нави Қирғизистон ба мақоми муовини сарвазир таъйин шудааст. Ин баландтарин мансаби давлатӣ дар Қирғизистон аст, ки тоҷикони зодаи он кишвар ноил мешаванд. Жогорку Кенеш (парлумони Қирғизистон) дар ҷаласаи навбатии худ барнома, сохтор ва ҳайати ҳукумати Содир Ҷапаровро тасдиқ кард.
Содир Ҷапаров зимни суханронӣ дар назди вакилон гуфт, ки барномаи нави ҳукуматиро баъдтар ба Жогорку Кенеш пешниҳод хоҳад кард. Вай қайд кард, ки то ҳол барномаи ҳукумати қаблиро ҷорӣ мекунад. Сохтор низ бетағйир монд. Аммо ҳайати кобинаи вазирон комилан нав шуд.
Артем Новиков муовини аввали сарвазир ва Равшан Собиров сарвари маркази фарҳангии тоҷикони Рӯдакии Қирғизистон , вазири собиқи рушди иҷтимоии Қирғизистон яке аз муовинони сарвазир таъин шуд.
Равшанбек Собиров 50 сол дорад. Ӯ 18 феврали соли 1970 дар деҳаи Ҷонӣ-Ариқи ноҳияи Қаросӯи вилояти Ӯш ба дунё омадааст. Аз соли 2007 роҳбарии Ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон ба номи Рӯдакиро бар ӯҳда дорад. Равшанбек Собиров солҳои 2011-2012 вазири рушди иҷтимоии Қирғизистон буд. Ӯ ҳамин тавр қаблан вакили парлумони Қирғизистон буд ва дар интихоботи парлумонии рӯзи 4 октябр низ аз ҳизби Мекенчил таҳти рақами 10 ба парлумон пешбарӣ шуда буд.
Донандаи забонҳои русӣ, тоҷикӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ буда, солҳои 1991 то 1996 дар Донишгоҳи Давлатии Миллии Қирғизистон, дар факултаи баҳисобгирӣ ва тиҷоратӣ, ихтисоси молшиносии маҳсулоти озуқа таҳсил кардааст.
Тайи солҳои 1997-1999 — Донишгоҳи давлатии миллии Қирғизистон, факултаи омодасозии кадрҳои гумрукӣ ва ҳуқуқӣ бо ихтисоси ҳуқуқшиноси «Қонунҳои гумрук».
Ҳамзамон давоми ин солҳо Академияи гумруки Русияро бо тахассуси «Ташкилоти корҳои гумрукӣ» хатм кардааст.
Фаъолияти кориаш аз соли 1986 шурӯъ шуда ҳамчун саркор (бригадир) дар бригадаи истеҳсолии №1 дар виляти Кара-Суу кор кардааст.
Хизмати ҳарбиро дар Артиши Шӯравӣ солҳои 1988-1990 дар сафи Қӯшунҳои десантӣ, қисми низомии No 12159, дар шаҳри Тулаи Русия ба анҷом расонид.
Муовини сарвазир таъин шудани Равшанбек Собиров дар густариши муносиботи дӯстонаву пойдории рафоқати ин ду кишвари ҳамсарҳад василаи хубе хоҳад буд.
Соима Саидӣ