Рубрики Хабарҳо

Фурӯши 111 миллиард долларӣ ва бесобиқаи ширкати Apple тайи се моҳ

Буҳрони коруно боиси афзоиши бесобиқаи фурӯш ва суди ширкати Apple шуд. Даромади нохолси ЭПЛ (Apple) дар семоҳаи охири соли 2020 рушди 21 дарсадӣ дошт. Танҳо ширкати Велмарт (Walmart) ва Эксонмобил ( ExxonMobil) дар таърихи Амрико чунин даромадеро тайи се моҳ ба номи худ сабт кардаанд. 

Коруно бисёре аз ширкатҳоро ба вартаи варшикастагӣ кашондааст. Ширкати ҳавопаймосозии Боинг бо ҳудуди 12 миллиард доллар зиён дар шумори ширкатҳои буда, ки дар асари буҳрони куруно ба шиддат осеб дидаанд. 

Аммо таъсири буҳрони коруно бар фаъолиятҳои иқтисодии ҳама ҷо яксон набудааст. Ба унвони намуна, яке аз барандагон ин буҳрон бетардид ширкати Apple аст. 

Ширкати Apple муваффақ шуд фақат дар семоҳаи охири соли гузашта фурӯши беш аз 100 миллиард доллар дошта бошад. Дар таърихи иқтисоди Амрико танҳо ду ширкати дигар чунин сатҳи аз фурӯшро тайи семоҳ дар таърихи худ сабт кардаанд. Ширкати супермаркетҳои занҷирае Walmart ва ширкати нафтии ExxonMobil. 

Даромади нохолиси ширкати Apple дар семоҳаи чаҳоруми соли 2020 беш аз 111 миллиард доллар эълом шудааст. Ба ин тартиб, фурӯши ин ширкат дар семоҳаи охири соли 2020 ҳудуди 21 дарсад бештар аз муддати замони мушобеҳи он дар соли 2019 будааст.

Масъулони ширкати Apple ҳатто эълом кардаанд, ки суди ин ширкат низ 29 дарсади афзоиш ёфта ва тайи ин давраи замонӣ ба беш аз 28 миллиард доллар расидааст. Ин мизони суд низ дар таърихи ширкати Apple падидае бесобиқа будааст. 

Буҳрон судовари коруно 

Гуфта мешавад, ки ба иллати давркорӣ ва ҳамчунин ҳузури мардум дар манозили худ, тақозо барои тавлидот ва маҳсулоти ширкати Apple афзоиши чашмгире доштааст. 

Ба унвони намуна, арзаи Айфон 12 бо тавоноии баҳраварӣ аз насли панҷуми шабакаи телефони ҳамроҳ яке аз далоили афзоиши фавқулодаи фурӯши ширкати Apple эълом шудааст. 

Ин дар ҳоле аст, ки тақозо барои хариди Айпад (iPad) ва ҳамчунини макбук низ зарфи ҳамин муддат афзоиши ошкоре доштааст. Бояд ёдовар шуд, ки ширкати Apple барои нахустинбор дар моҳи ноябр лаптопҳоеро ба бозор арза кард, ки дар онҳо аз тарошаҳои сохти худ истифода шуда буд. 

Ба ин тартиб, Apple аз илзоми истифода аз тарошаҳои ширкати Intel фосила гирифтааст. Камбуди тарошаҳои ширкати Intel ва ширкатҳои тавлиди тарошаи дигар боис шуда буд, ки дар соли гузашта бисёре аз шохаҳои тавлидӣ муваффақ ба таҳвил ба мавқеъи супоришҳои худ нашаванд. 

Дар ин робита метавон ба норасоиҳои тавлид ва таҳвил дар ширкатҳои худравсозӣ ва ҳамчунин ширкати Майкрософт ишора кард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *