Рубрики Хабарҳо

Ашраф Ғанӣ дастури азсаргирии ҳамалоти низомӣ алайҳи Толибонро содир кард

Дар пайи ду ҳамлаи маргбор дар Афғонистон Ашраф Ғанӣ дастур дод нерӯҳои низомии Афғонистон аз ҳолати дифоъӣ хориҷ шуда ва ба ҳамалоти низомӣ алайҳи Толибон ва дигар гурӯҳҳои шӯришӣ даст бизананд. 

Дар пайи ду ҳамлаи маргбор рӯзи сешанбе дар Кобул ва Нангарҳор, ки мунҷар ба кушта шудани наздик ба 40 нафар шуд, Ашраф Ғанӣ раисҷумҳури Афғонистон ба ҳама нерӯҳои низомии ин кишвар дастур дод то мавқеияти дифоъии худро тағйир дода ва вориди амалиёти низомӣ алайҳи шӯришиён шаванд. 

Ғанӣ, ки дар телевизиони Афғонистон сухан мегуфт ҳар ду гурӯҳи Доъиш ва Толибонро масъули ин ҳамалоти маргбор донист, агарчи ҳеҷ як аз ин ду гурӯҳ ҳанӯз расман масъулияти ин ҳамалотро напазируфтаанд. 

Ашраф Ғанӣ дар суханонаш аз саргирии дубора ҳамалотро ба манзури “дифоъ аз кишвару ҳаммеҳанон ва низ муҳофизати аз сохторҳои кишвар” ва низ барои “дифоъ дар баробари таҳдидот ва ҳамалоти Толибон ва дигар гурӯҳҳои террористӣ” зарурӣ донист. 

То кунун тамоми нерӯҳои низомии Афғонистон танҳо иҷозат ба дифоъ дар баробари ҳамалоти Толибонро доштанд. 

Субҳи рӯзи сешанбе 12 май ҳамлаи муҳоҷимони мусаллаҳ ба бемористони пизишкони бидуни марз дар Кобул боиси кушта шудани 14 нафар шуд. Ду тан аз кушташудагон навзод буданд. Дар Нангарҳор низ дасти кам 24 нафар дар пайи як амалиёти интиҳорӣ дар як маросими хоксупорӣ кушта ва беш аз 50 тани дигар захмӣ шуданд. 

Ин ҳамалот бори дигар ояндаи музокироти сулҳи Афғонистонро, ки аз моҳи феврал бо Толибон оғоз шуда, зери савол бурдааст. Толибон ва Амрико дар 29 феврал дар Доха пойтахти Қатар бо якдигар музокира карданд. Аз ин музокирот бо унвони “музокироти таърихӣ” ном бурда шуд, ки метавонад мунҷар ба сулҳи пойдор дар Афғонистон шавад. Дар чорчӯби тавофуқҳо, давлати Афғонистон то кунун  ҳазор тан аз зиндониён Толибонро озод кардааст. 

Аввалин қароре, ки дар ин музокирот гузошта шуд ин буд, ки Толибон аз ҳамла ба шаҳрҳои бузург ва гурӯҳҳои байналмилалӣ худдорӣ кунад: Шарте, ки то кунун риоят нашудааст. 

Сообщение ПАЁМ.net.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *