Маҷлиси миллии Тоҷикистон тағйирот ба қонун “Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда” — ро қабул кард, ки баъди имзои раисиҷумҳур ва нашри расмӣ мавриди амал қарор хоҳад гирифт
Дилшод Раҳмон, раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният тағйироти ҷадид дар қонунро шарҳ дод.
Таавре нашрияи “Садои мардум” аз қавли Эмомалӣ Раҳмон хабар дод,“мақсади қонун аз мутобиқ намудани он ба қонунҳои амалкунанда, ки барои пешбурди фаъолияти адвокатӣ доштани иҷозатномаро хориҷ намудааст, иборат буда, дар сархати якуми қисми 2 моддаи 18, тағйир ворид карда шудааст”.
Ӯ дар мавриди мазмуни тағйирот таъкид намуд, ки минбаъд мулоқоти адвокат бо гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда дар парвандае, ки ба сифати ҳимоятгар иштирок менамояд, дар асоси пешниҳоди ордер ва шаҳодатномаи адвокатӣ ба роҳ монда мешавад.
Ин тағйирот дар ҳолест, ки қаблан аз камбуди адвокатҳо дар кишвар изҳори нигаронӣ карда шуд. Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки дар бархе аз навоҳии кишвар ягон адвокат фаъолият надорад ва баъзан дар сурати зарурат вакилони дифоъ аз навоҳии дигар ҷалб карда мешаванд.