Салом, “Ҷаноби Олӣ”!
Мансабфурӯшӣ дар аҳди ту хусусиятҳои хоси худро дорад. Онро ҳатман мефурӯшӣ ва ё ҳадя мекунӣ. Ба қимати чизе: барои туро таъриф кардан, бо ту хеш будан, садоқат ба ту ва аз ҳама бештар бар ивази пул. Ва на танҳо ту вазифа мефурӯшӣ. Ҳама узви оилаат дар ин савдо ҳамроҳанд ва аз ҳисоби пайвандӣ бо ту пулро бо ҷорӯб рӯфта ҷамъ мекунанд. Солҳои 2010-ум мардум бо шӯхӣ байни худ Нуриддини акаату Ҳасани додарарӯсатро “отделкадрҳо”-и вилояти Хатлон меномиданд. Нуриддин дар минтақаи Кӯлоб ва Ҳасан дар минтақаи Қӯрғонтеппа конкурс ташкил карда, мансабҳои давлатиро бемалол мефурӯхтанд. Албатта талаботи ягона дар ин озмуни мансабфурӯшӣ барои мансабталошон миқдори пули пораи овардаи онҳо буд. Ҳамин тавр аз ҳисоби фурӯхтани мансабҳои давлатӣ ва ҷамъоварии пора (доля) аъзои оилаи ту ба зуди бой шуд.
Мардум дар замонаш нисбати вазифафурӯшии акаат Нуриддин ҳатто латифа ҳам бофта бароварда буданд: “Рӯзе аз рӯзҳо як чӯпон, ки аз кӯҳ ба кӯҳ гаштан ба ҷон омада буд, хост зиндагии дигаре дошта бошад. Ӯ аз ҳисоби фурӯхтани гӯсфандонаш пули пораро ҷамъ оварда, ба назди Нуриддин меояд, ки ягон вазифа харидорӣ кунад. Нуриддин тугунчаи пулро гирифта мегӯяд: “Бра, як шиму кастуми фасон бхар. Ай пагаҳ ту раиси ноҳияи фалон!”. Ҳасан ҳам дар вазифафурӯшӣ устухон надошту ончунон боқадр шуда буд, ки як замон ҳатто вазирон пушти дараш барои қабули ӯ навбат мепоиданд. Мардуми Чапаев аллакай пешгӯӣ мекарданд, ки дар интихоботи соли 2013 Ҳасан ҳатман президенти Тоҷикистон хоҳад гашт. Моҳи маи соли 2008 Рустам аз тарси он ки тағояш ҷои падарашро боз нагирад, ба гулӯи Ҳасан аз пистолет тир холӣ кардаву шасташро камтар гардонд ва ба баҳси миёни кланҳои Чапаеву Данғара то андозае нуқта ҳам гузошт.
Очаи раҳматиат дар вазифатақсимкунӣ бевосита иштирок мекард. Вақти зинда будани холаи Майрам мансабдорон гоҳ-гоҳ барои зиёраташ рафта, бо навбат дасташро мебӯсиданд, ба кафаш доллар мегузоштанду ба гуфте аз ӯ дуъо мегирифтанд. Дар асл намоишкорона мехостанд ба тӯ муҳаббаташонро исбот кунанд. Ту аз он ки тариқи ба вазифа расиданат модарат чунин мӯътабар гардида буд, меболидиву қабат-қабат гӯшт мегирифтӣ. Барои ҳамин яку якбора вазни физикиат аз ҳама президентҳои кишварҳои собиқ шӯравӣ зиёд шуда рафт. Ба гуфте ғами мардумро на дар сарат, балки дар шикамат ҷамъ овардаӣ, ки имрӯз қариб ба замин мерасад. Мансабтақсимкунии модарат ҳоло аз давраи нав ба вазифа омадану аз зери шаттаи командирҳои Фронти Халқӣ раҳо ёфтанат оғоз гардида буд. Дар охири ҷанги шаҳрвандӣ рӯзе ҳамсояи лақаятон — холаи Майна (модари Амиршо Миралиев) назди холаи Майрам омада гуфт: “Эмомалира бугу ҳами Амиршорам дар барш бигира”. Ва ҳамин тавр Амиршо Миралӣ ба бари ту омад ва як давраи дуру дароз муҳраҳоро дар шоҳмоти сиёсӣ ба фоидаи лақайҳои худаш чид.
Акнун ҳар каси бо ту пайвандӣ дошта, мӯҳтарам гардида буд. Зани Нуриддини бародарат ҳам аз ин саф қафо намемонд. Ва нафарони чоплус аз вазъият истифода намуда, бо роҳи ба хонаи Нуриддин пул кашондан ба қудрат мерасиданд. Моҳи декабри соли 2020 дар Душанбе бо зане, ки аз ноҳияи собиқи Бохтар (ҳоло Кӯшониён) ба Душанбе кӯчида буд, вохӯрдаму қиссаи аҷиберо аз силсилаи мансабфурӯшиҳои зани Нуриддини бародарат нақлам кард. Яке аз нақлҳояшро ин ҷо ба пуррагӣ меорам, зеро як мисоли гӯёи мансабфурӯшӣ дар даврони туст. Ин саргузашт хеле содалавҳона аст, вале як намунаи маъмули фасодзадагии системаи идоракунии бавуҷудовардаат мебошад.
Дар колхози овозадори Коммунизми собиқ ноҳияи Бохтар дар солҳои охири замони шӯравӣ раиси колхозе будааст бо номи Амирбек Маҳмадалиев, ки тамоми моликияти колхозро (ҳатто ки хирманҳои пахтахушккуниро бо ҳама иморатҳояш!) ғайриқонунӣ ба чапу рост фурӯхтаву ба яке аз бойбачаҳои даврони ҷанги шаҳрвандӣ мубаддал гардидааст. Дар солҳои 2000-ум ҳамин Амирбека нафсаш калонӣ кардаву боғчаи бачагони колхозро, ки аз 2-3 гектар замину биноҳои зиёд иборат буд, барои худаш прихватизатсия мекунад. Ин кораш ба раиси ҳамонвақтаи ноҳия Мухриддин Шералиев, ки тағои командири саҳроии Фронти Халқӣ ренерал Нуралӣ Фақиров аст, хуш намеояду ба Амирбек таҳдиди бекор намудани қарори хусусигардонии боғчаи бачагонро мекунад. Ин ҷо Амирбек аз имкони аҷибе истифода менамояд. Ба дасти занаш 2000 доллар додаву ӯро ба хонаи волидонаш, ки ҳамсояи дарбадевори бародарат Нуриддин будаанд, мефиристад. Ҳамин тавр зани раиси колхоз пулро ба дасти зани Нуриддин додаву даҳони раиси ноҳияи Бохтар М. Шералиевро барои доимӣ мебандад.
Акнун Амирбеки колхози миллионерро муфлисгардонда худро нафари бо оилаи президент наздик часпонидагӣ эҳсос кардаву ба мансабгириҳои минбаъдӣ тайёрӣ мебинад. Аввал барои чанд сол аз ҷониби ту раиси ноҳияи Ҷиликул таъин гардиду даррав аз ҳисоби нафарони боваринокаш команда ташкил карда, Ҷиликулро ба чени тавонистанаш руфта меояд. Дигар маълум аст, ки кӣ ва бо кадом роҳ номзадии ӯро ба ту пешниҳод карда буд. Акнун вай раҳматӣ ҷавобашро дар он дунё худаш дода истодааст. Сипас худи ҳамин Амирбек боз ду навбат ба Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз намояндаи мардумӣ “интихоб” гардидаву дар мақомоти олии қонунбарори кишвар барои мутобиқ гардонидани қонунҳо бар фоидаи оилаи ту дастболокунӣ менамояд. Ва ин ҳам аз ҳисоби пули мардум, яъне буҷа маош гирифта истода. Ана, чи гуна одамон дар аҳди ту соҳиби мансаб гардидаанд!
Вазифафурӯшӣ ва коррупсия дар тақсими вазифаҳои давлатӣ ба роҳбарияти сатҳи миллӣ вазирони соддалавҳу бесавод, дар сатҳи вилоятиву ноҳиявӣ бошад, роҳбарони ноарзандаву бепарвофалакро овард, ки асосан на ба пешбарии ҷомеъа, балки ба пур кардани кисаҳои худ машғул буданд. Барои ҳамин имрӯз иқтисоди кишвар касод шудаву Тоҷикистон ба муфлисшавӣ наздик омадааст. Ҳамсояҳои маззахӯраки аждаҳосифате чун Хитой бошанд, азхудкунии территиорияҳои иловагии ин мулки бесоҳибмондаро ба нақша гирифта истодаанд. Албатта чопи силсилаи мақолаҳои даъвоӣ дар матбуоти даврии як кишвари сахт контролшавандаро наметавон тасодуф номид.
Мансабдорони аз ҷониби ту таъингардида ҳам ҳалқаи дуюми бойбачаҳоро ташкил медиҳанд, пас аз аъзои оилаат, албатта. Аз пули аз мардум ғайриқонунӣ ҷамъовардаашон ҳатман ба туву наздиконат доля пардохт мекунанд. Акнун ин як маҳаки “кордонӣ”-и мансабдорони давлатии даврони ту ба ҳисоб меравад. Ва имрӯз дар ҳайати командаи идоракунии таъсисдодаат сафи чунин “профессионал”-ҳо афзудааст, ки пеши камераҳои телевизионҳои киссагиат шарм надошта рӯирост сиёҳро сафед мегӯянд. Яке аз стратегҳоят Сайфулло Сафаров, ки аслан сабзина асту сурхшавиашро хеҷ фаҳмида намешавад, ҳатто дар сӯҳбати “Гапи озод”-и Радиои Озодӣ бешармона мегӯяд: “Дар сатҳи ҳукумати Раҳмон маҳалгароӣ нест”.
Намояндагони мақомоти иҷроия ба аҳолӣ справка мефурӯшанд, замин мефурӯшанд, милисаву амниятат мардуми дороро ба тӯҳматҳои гӯшношунид печонидаву аз онҳо пул меҷӯшанд. Прокурору судяҳоят аз ҳисоби ҷабр ба ҷабрдидаҳо ва аз ҷавобгарӣ озод намудани ҷинояткорон киссаҳояшонро пур мекунанд. Як бор бо кӯчаи Борбади шаҳри Бохтар бигузару ба тарафи дасти ростат нигар, ки раиси собиқи Бохтар Зоиров, собиқ прокурори вилояти Хатлон ва депутати Маҷлиси Намояндагон Абдусаттор Холов ва раиси собиқи Суди Олии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоев чи гуна дар лаби дарёчаи Хонум бар ба бар дар масоҳати 25-30 сотихӣ хонаҳои афсонавӣ сохтаанд. Ҳатто болои дарёро ҳам ба масоҳати аз 400 то 600 метри квадратӣ ба пуррагӣ пӯшонидаву барои арақ накардани шикамҳои ғафсашон истироҳатгоҳҳои салқин сохтаанд. Прямо белые люди! Ба фикрат маоши расмии тамоми умр ҷамъкардаашон барои сохтмони ҳатто як бинои ин комплексҳояшон мерасад?
Дар шаҳрҳои калони мамлакат аллакай маҳаллаҳои махсуси бойбачаҳои замони ҳукмронии худат ба вуҷуд омадааст, ки селаи мардумони камбағал ба он танҳо аз дурӣ бо ҳавас нигоҳ карда метавонанду бори дигар ба нотавонии худашон бовар месозанд. Барои тасдиқ боре ба маҳаллаи навтаъсис дар самти роҳи Ҳисор, аз дасти рост, наздикии сафоратхонаи Амрико бинигар. Муқаррабонат он ҷо ҳама аз хишти пухтаи сурх, чуноне худат мегӯӣ, “барои давраҳои дуру дароз”, яъне барои набераву абераҳояшон хонаҳои хуштарҳи замонавӣ сохтаанд. Яъне, кори асосие, ки ту дар давраи роҳбариат кардӣ, зиндагии худату авлодат ва соҳибмансабони чоплусатро беҳтар намудӣ. Дигар дар зиндагии мардум беҳбудие нашуд.
Барои ҳамин бо ту часпондан, туро беҳудаву баҳуда то ба дараҷаи абсурд (аҳмақӣ!) таъриф кардан мӯд шуда рафт. То он андоза, ки ҳатто як деҳқон аз ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири пешина) дар телевизиони давлатӣ баромад карда мегӯяд: “Имсол ба шарофати Ҷаноби Олӣ дар заминҳо гулкарам коридему раҳмат ба Эмомалӣ Раҳмон, ки нашъунамояшон хуб аст”. Як журналист аз Чапаеви ватани занат Азизмо, ки ҳоло дар Душанбе кор мекунад, бароям нақли аҷибе кард. Ба гуфти ӯ ту ҳама намоишҳои телевизионҳои Тоҷикистонро аз сарашон то охираш тамошо мекардаӣ ва вақте касе сахт таърифат кунад, мепурсидаӣ, ки кисту чикорааст. Дар ҳолати ҷудо нағз присыпка заданаш ҳатто фармон медодаӣ, ки дар вазифа ягон зина боло бардорандаш. Барои ҳамин дар ҳама каналҳои давлатӣ мусобиқаи чоплусон дар авҷ аст. Дили тамошобинони тоҷик бошад аз барномаҳои дилбазани “намоиши як актёр” кайҳо мондаву ба каналҳои телевизионии хориҷӣ рӯй овардааст.
Бале ба таъриф ниёз дорӣ. Зеро дар ҳама шохисҳои байналмилалӣ баҳои фаъолиятат хеле паст асту танқид аз сарат бетанаффус меборад. Бахусус, ки муҳоҷирони меҳнатии бадодомадаат дигар рӯирост дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз бепаноҳиву бечорагии муҳоҷирон дар Русия, қиматии билетҳои ширкатҳои ҳавопаймоии оилавиат дар нисбати билетҳои Қирғизистон ва буғӣ кардани бизнесҳои ғайриоилавиат фиғон мекунанд. Боз ба болои ин ҳама зимистони қаҳратун корношоямии командаатро ва пӯсидагии ситемаи коррупсионии бавуҷудовардаатро аз дарунаш чаппа карда ба ҳама нишон дод. Барои болида нигоҳ доштани хотири ошуфтаат Кумитаи омор мегӯяд, ки дар Тоҷикистон сафи бекорон камтар аз 3% аст. Худат бошӣ дар паёмат бешармона мегӯӣ, ки Тоҷикистон коронавирусро мағлуб кардааст. Як дурӯғи замини бигӯй, ки касе боварат кунад. Ба як мӯйсафеди пир чунин бепӯстирӯӣ намезебад. Худатро худат таскин медиҳӣ, дар рӯят нур намондааст! Хуб, агар пешқадам бошӣ ҳам магар ки дар вазифафурӯшиву тороҷи миллати худ ва беватансозии шаҳрвандони худ. Дигар ҳеҷ!
Бо камоли эҳтиром
Исломиддин Садиров, нафақахӯр, ветерани меҳнат