Чӣ тавре хабар доред , дар ҳамсоякишварҳо штамми нави вируси куруно дар нафароне, ки аз хориҷа бармегарданд, пайдо шуда истодааст. Расонаҳои хабарии Ӯзбекистон ҳам аз пайдо шудани гирифтори вируси штамми бритониёӣ, ки аз рӯйи таҳқиқи олимон 70 баробар бештар сироят карда истодааст, иттилоъ дода буданд. Агар мардум қоидаҳои зарурии санитариро риоя накунанд, кишвар метавонад чораҳои таҳкими карантинро баррасӣ кунад. Дар ин бора сардори хадамоти санитарию эпидемиологӣ ва хадамоти тандурустии аҳолӣ Баҳодир Юсупалиев хабар дод.
Ӯ тариқи шабакаи телевизионии“ Узбекистон 24 баромад карда гуфт: «Мубориза бо коронавирус идома дорад, ҳолатҳои нави беморӣ, навъҳои гуногуни ҷадидтар пайдо мешаванд. Аз ин рӯ, ман мехостам аз мардуми Ӯзбекистон даъват кунам, ки маҳдудиятҳо — пӯшидани ниқоб, масофа, истифодаи антисептикҳо риоя кунанд “ Вай мегӯяд, ки ҳама зотҳои нави коронавирус аз хориҷ ворид мешаванд.
«Ман ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ муроҷиат мекунам ва аз онҳо хоҳиш мекунам, ки ба кишварҳои сироятёфта сафар накунанд. Агар мо муштаракан маҳдудиятҳои дар кишвар ҷорӣ кардашударо риоя накунем, агар ба кишварҳои дигар бидуни зарурат равем, мумкин аст чораҳои карантин тақвият дода шаванд ва маҳдудиятҳо дар парвозҳо дар Ӯзбекистон ҷорӣ карда шаванд », илова кард ӯ.