Categories Хабарҳо

То кай?

Шаби 1-уми феврал ранҷдидатарин сарбози артиш Тоҷикистон, дақиқтараш артиши нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Шаҳбол Мирзоев даргузашт. Ӯ, ки баъди латукӯб шуданаш аз ҷониби як корманди тиббии нерӯҳои марзбонӣ маъюб шуда буд, ҳафт сол ранҷ кашид, аз ҷогаҳ хеста натавонист ва билохира дунёро падруд гуфт. Падараш барои табобати ӯ беш аз сад ҳазор доллар масраф кард, хонаашро фурӯхт, шабонарӯзӣ заҳмат кашид, то писари аз бетафовутии мақомот маъюбшудаашро ба по хезонад, вале муваффақ нашуд. 

Ҳоло Нуъмон Мирзоев, падари Шаҳбол на хона дорад ва на писар. Артиши сархӯри Тоҷикистон, ки солона даҳҳо ҷавони зиндагинадидаро гирифтори марг мекунад, садҳо нафарро маъюби якумрӣ месозад, ҳазорон нафарро зарбаҳои ҷуброннопазири равонӣ мерасонад, хонаи Нуъмон Мирзоевро бо маънои томи ин калима сӯхт. Идорае дар кишвар намонд, ки ӯ муроҷиъат накарда бошад — то худи раисҷумҳур, бо ними беморхонаҳои маъруфи дунё тамос гирифт то роҳе пайдо кунад, ба табибони чанд кишвар писарашро нишон дод, роҳи Ашт-Душанберо садҳо бор тай кард (ва ҳар дафъа ба Ҷамолиддину Озода пул дод) 7 соли умрашро сарфи табобати писараш намуд, аммо ягон маротиба ҳеҷ масъуле аз ҳеҷ идораи кишвар кӯмакаш накард. 

Худованд ҷои Шаҳболро ҷаннат гардонад, марги ӯро чун шаҳодат қабул намояд. Ӯ рафт ва ҷонашро аз ин дарду ранҷи ҳафтсола наҷот дод, аммо доғи ҳамешагӣ дар дили волидон ва бародараш боқӣ гузошт. На танҳо доғи марги бемаҳали ӯ ҳамеша волидону наздиконашро таъқиб хоҳад кард. Дар дили якояки аъзои ин хонавода ин доғ ҳам барои ҳамеша боқӣ монд, ки Шаҳбол бо ихтиёри худ барои ҳимояи ватан рафт, вале аз бемасъулиятии мақомдорони ин ватани бесоҳиб маъюб шуд ва аз ноодамиву бешарафии онҳо 7 сол ранҷ кашиду камтарин дастгирие надид. 

Достони Шаҳбол достони беҳуқуқиву беқадрии инсон дар Тоҷикистон, достони дарандагиву хунхории масъулонаш ва бепарвоиву беҷасоратии мардумонаш аст. Дар дилхоҳ кишвари ҷаҳон барои чунин ҷиноят даҳҳо нафар ба додгоҳ кашида мешуд, чандин генералу афсар аз рутбааш маҳрум мегашт, мардум ба кӯчаҳо мерехт то ҳақи сарбозро аз мақомоти ҷиноятпеша ситонад, вале на дар Тоҷикистон. 

Нуъмон Мирзоев ҳамагӣ ду писар дошт. 

Сарраёсати марзбонии КДАМ, ки посухгӯи асосии сарнавишти талхи Шаҳболу хонаводааш аст, аз пардохти ҷуброни маънавӣ даст кашид. Ин ниҳод даъво кард, ки омодааст зарари моддиро пардохт кунад, аммо пардохти зарари маънавӣ ба дӯшаш нест. Шаҳболу хонаводааш он замон (баҳори соли 2014)  97 ҳазор ҷуброни зарари моддӣ ва 144 ҳазор сомонӣ зарари маънавӣ талаб доштанд. Намедонистанд, ки танҳо зарари моддиашон аз миллион мегузарад ва ҷуброн кардани зарари маънавиашон бо ҳеҷ пули имконнопазир мегардад.  

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе ҳамин 97 000 ҷуброни моддиро низ зиёд шуморид ва ҳукм кард, ки ба хонаводаи Шаҳбол 36 000 пардохт шавад. Ва 4000 зарари маънавӣ. 4000 барои ҷуброни он ҳама ранҷу азобе, ки волидони Шаҳбол аз маъюб шудани фарзандашон кашиданд. 4 ҳазор сомонӣ! Маълум нест оё Сарраёсати марзбонӣ ҳамон ҳукмро ҳам пардохт кард ё не. 

Моҳи майи соли 2014 Нуъмон Мирзоев писараш Шаҳболро барои табобат ба Красноярски Русия бурд. Онҷо шушҳояшро, ки об гирифта буд ҷарроҳӣ карданд. Тамоми хароҷоти ин сафар ва ҷарроҳӣ аз ҳисоби худи хонавода буд. Ба гуфтаи падари Шаҳбол, ӯ хонаашро ҳамагӣ ба 300 ҳазор рубл (8000 доллар бо қурби ҳамонвақта) фурӯхтааст. Танҳо дар Душанбе, яъне то рафтан ба Красноярск қисми асосии ин маблағро (ҳудуди 6000 доллар) масраф мекунад ва маблағи боқимонда танҳо ба билети парвоз то Красноярск мерасад. Барои ҷарроҳиву табобат дар онҷо бошад, маҷбур мешавад қарз гирад. 

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе рӯзи 19 июни соли 2014 Усмоналӣ Ғайратов, гумонбари асосӣ дар бадрафторӣ нисбат ба сарбози марзбон Шаҳбол Мирзоевро ба 9 соли зиндон ва пардохти товони зарар ба андозаи 200 нишондиҳанда, яъне 8 000 сомонӣ маҳкум кард. Дар ҳоле, ки Нуъмон Мирзоев ҳуҷҷатҳое пешниҳод карда буд, ки то он замон зиёда аз 1,3 миллион рубли русӣ, муодили қариб 40 000 доллар масраф кардааст. Ҳамчунин он рӯз додгоҳ қарор содир кард фелдшери собиқи қисми низомии нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ бояд беш аз 5700 сомонӣ харҷеро, ки раёсати нирӯҳои марзбонӣ то имрӯз барои табобати Шаҳбол Мирзоев кардааст, ҷуброн кунад. 

Ин ҳукм муносибати додгоҳ ба шаҳрванд — оне, ки тамоми хароҷоти давлат, аз ҷумла додгоҳҳову моҳонаи додрасҳоро таъмин мекунад аз як тараф ва муносибат ба мақомот аз тарафи дигарро нишон медиҳад. То он замон Нуъмон Мирзоев, падари ҷабрдида 200 000 сомонӣ ва Раёсати марзбонии КДАМ, ягона ниҳоди гунаҳкор дар ин қазия 5700 сомонӣ масраф кардаанд. Додгоҳ қарор мекунад, ки ба Раёсати марзбонӣ, ҷавобгар ва гунаҳкори асосӣ тамоми масрафаш ҷуброн карда шавад, ба ҷабрдида ҳамагӣ 18%-и масрафаш.  

Вале ин тамоми “инсондӯстӣ” ва дарки мақомот аз ҳуқуқи инсон нест. Дар он мурофиъа Зоиршоҳ Назиров, ҳуқуқдони Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ даъво мекунад, ки дар сурате дигар кормандон Шаҳболро маҷрӯҳ кардаанд, чаро сарраёсат онро ҷуброн намояд. Назиров ҳамзамон миннат мекунад, ки Сарраёсати марзбонӣ дар ҳаҷми 7252 сомонӣ, ба иловаи 5 литр хун ба Шаҳбол кӯмак кардааст. 

Ҳуқуқдони Сарраёсати марзбонӣ дар мурофиа мегӯяд, ки намояндагони ин ниҳод ба Шаҳбол кӯмак расонидааст, аммо Нӯъмон Мирзоев — падари Шаҳбол онро радд намудааст. Сабаби рад кардани Мирзоевро вакили дифои ӯ чунин шарҳ медиҳад: ин кӯмакҳои Сарраёсати марзбонӣ иборат аз як кило шакар, як кило гречка ва мураббо, ки хӯроки маъмулии сарбозон мебошад, будааст. 

Ду соли аввал аз ин ҳодиса расонаҳо қазияи Шаҳболро пайравӣ карданд ва бештари ҷузъиёти саргузашти ӯ дастраси омма гардид. Баъдан расонаҳо ҳам аз қазия канор рафтанду маълум нест дар 5 соли боқимонда ба сари ин хонаводаи ҷигарсӯхта чӣ омад ва чӣ дарду аламҳоеро онҳо паси сар карданд. 

Волидони Шаҳбол, ки ҳамагӣ ду фарзанд доранд, 20 сол сарбоз тарбия карданду ба воя расонданд, то ихтиёрӣ ба сафи артиш раваду аз ватанаш дифоъ кунад. Писари солимашонро ба артиш фиристода, маслуқ бозпас гирифтанд. Ва ҳафт соли тамом нигаҳбону сарпарастӣ фарзандии маъюбашон буданду имрӯз ӯро аз даст доданд. Режими Эмомалӣ Раҳмон, ниҳоди зертобеъи Саймумин Ятимов 20 соли тарбияи фарзанд, ҳафт соли нигаҳбонии маъюб, 27 соли ранҷи падару модари Шаҳболро чунин нарх гузоштанд: 4 ҳазор сомон!

Шаҳбол танҳо сарбозе нест, ки умри ҷавонашро дар сафи артиш қурбон кард. Шумори қурбониҳои артиши Тоҷикистон мисли як артишест, ки дар ҳолати ҷанг қарор дорад. Моҳе ва гоҳе ҳафтае нест, ки хабари марги сарбозе расонаӣ нашавад. Шумори ҳолатҳоеро, ки расонаӣ намешаванд, касе намедонад. 

Ҷавонон дар кӯчаву хиёбонҳо, ҳатто ҷойгаҳи хобашон боздошт ва ба сафи артиш бурда мешаванд. Онҷо мисли як конслагер шиканҷа мешаванд ва хӯрокашон караму картошкаи ҷӯшонидашуда аст. Ду сол пас, баъзеашон ҳатто ду ҳафта пас ё маъюбу маслуқ, ё дар тобут ба хонаҳояшон баргардонида мешаванд. Гӯё ҳодисае нашудааст. Гӯё саги велгарде аз кӯча боздошт шуд ва зери лагади афсарон ҷон доду дубора ба ҳамон макони боздоштшудааш партофта шуд. То соҳибонаш гӯронанд. 

Аммо то кай?

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *