Рубрики Хабарҳо

Хатари ҷанг байни Эрону Исроил бештар шудааст?

Шабакаи “Kan”-и Исроил аз хунсо шудани тарҳи ҳамлаи маъмурон вобаста ба Созмони амнияти Эрон ба сафоратхонаҳои Исроил, Амрико ва Аморот дар шарқи Африқо гузориш дод. Дар ин иртибот теъдоде аз шаҳрвандони эронӣ ва ду тобеъияти муқими Аврупо боздошт шуданд. 

Дар гузориши шабакаи “K” бидуни зикри номи кишварҳои африқоӣ қайд шудааст, ки нерӯҳои вобаста ба Созмони амнияти Эрон, ки барои як ҳамлаи эҳтимолии ҷосусӣ мекарданд дастгир шуданд. 

дар гузоришbи худ дар ин иртибот ба манобеъи иттилоотии ғарбӣ истинод карда ва навиштаи маъмурон дастгир шуда аз тарафи Эрон барои ҷамъоварии иттилоот ва барои иҷрои тарҳи ҳамлаи террористӣ эъзом шуда буданд. 

Афроди боздоштшуда дорои тобеияти дугонаи аврупоӣ ва эронӣ ҳастанд. Шуморе аз онҳо дар шарқи Африқо ва теъдоде низ дар кишварҳои мухталиф боздошт шуданд. Бар асоси ин гузориш ин ҳамла дар моҳи гузашта кашф ва хунсо шудааст. 

Тибқи гузориши расонаҳои исроилӣ, Ҷумҳурии Исломӣ қасд доштааст ин ҳамларо ба талофи кушта шудани Қосим Сулаймонӣ ва Мӯҳсин Фахризода, донишманди ҳастаӣ анҷом диҳад. Раҳбарони Эрон иддао карданд, ки Исроил дар кушта шудани Фахризода даст дорад ва борҳо аз интиқом сӯҳбат кардаанд. 

Инфиҷори бомб дар муқобили сафорати Исроил дар Деҳлӣ 

Рӯзи ҷумъа 29 январ низ як инфиҷор сафорати Исроил дар Деҳлӣ, пойтахти Ҳиндро ларзонд. Дар асари ин инфиҷор ба автомобилҳо хисорат ворид шуд аммо касе садамае надид. Пулис ин инфиҷорро “камқудрат” арзёбӣ кардааст. 

Мақомоти исроилӣ ин инфиҷорро ба унвони ҳамлаи террористии машкук ба сафорат талаққӣ карданд ва иқдомот эҳтиёти амниятиро дар сафоратхонаҳои худ дар саросари ҷаҳон афзоиш додаанд. 

Гурӯҳи ношиносе ба номи “Ҷаҳиши ҳиндӣ” дар телеграм масъулияти инфиҷори рӯзи ҷумъа 29 январ дар муқобили сафорати Исроилро бар ӯҳда гирифта ва бо судури баёнияе эълом кардааст, ки ин ҳамла иқдоми интиқомҷуёна алайҳи давлати Ҳинд буда ва ҳеҷ ишорае ба Исроил нашудааст. 

Аммо дар номае, ки дар наздикии маҳали инфиҷор пайдо шуда ба кушта шудани “шуҳадо” Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи сипоҳи қудс ва Мӯҳсин Фахризода, донишманди ҳастаӣ Эрон, ки дар ҳамлаи ноябр 2020 кушта шуд ишора шудааст. Дар нома қайд шудааст, ки ин инфиҷор фақат як оғоз аст ва мавориди бештаре дар оянда иттифоқ хоҳад афтод. 

Саид Хатибзода, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон иттиҳоми марбут ба даст доштани ин кишвар дар инфиҷори Ҳиндро “шайтанати бачагона” тавсиф карда ва тарҳи ин мавзӯъро барои зарба задан ба муносиботи хуби Эрон ва Ҳинд донистааст. 

Расонаҳои Ҳинд рӯзи шанбе 30 январ иддао карданд, ки пулис бархе аз атбоъи эрониро дар Деҳлӣ пойтахти Ҳинд боздошт ва маврид бозҷӯӣ қарор додааст. 

“Паёми Исроил ба Байден” 

Маниша Амир, таҳлилгари умури Ховари миёна аз Исроил дар бораи кашф ва хунсо шудани ҳамла ба марокизи дипломатики Исроил, Амрико ва Аморот гуфт: “Як раисҷумҳур дар Амрико рафта ва як раисҷумҳури ҷадид омада ва сиёсатеро мутазод бо раисҷумҳури қабли мехоҳад амалӣ бикунд ва Исроил ба оқои Байден мехоҳад нишон диҳад, ки бо чӣ касоне мехоҳад мусолиҳа кунад.” 

Ин коршинос дар идома афзуд: “Иттифоқе, ки дар шарқи Африқо афтода санадият дорад ва ба ҷойи ин ки пардапӯшӣ кунанд аланӣ кардаанд то ба оқои Байден ин паёмро бидиҳанд, ки бо чӣ режими фитнагаре инҳо рӯ бар рӯ ҳастанд. Ин паёме аст ба риёсатҷумҳури Амрико ва афкори умумии ин кишвар.” 

Иллати афзоиши таҳдидҳои Исроил алайҳи Эрон 

Таҳдидҳои мақомоти исроилӣ бо эъломи ғанисозии ураниум бо ғилзати 20 дарсадӣ аз сӯи Эрон бештар шудааст. 

Энтони Блинкен, вазири хориҷаи Амрико хабар дод, ки Эрон “танҳо чанд ҳафта то тавлиди маводи шикофтпазири мавриди ниёз барои сохти силоҳи атомӣ фосила дорад”. 

Аммо Ювал Штанитс, вазири энергии Исроил гуфтааст Эрон барои тавлиди маводи шикофпазири кофӣ барои як силоҳи ҳастаӣ ба ҳудуди шаш моҳ замон ниёз дорад. 

Маниша Амир таҳдидҳои Исроил алайҳи Эронро ҷиддӣ медонад ва аз эҳтимоли вуқӯъи як ҷанг сӯҳбат мекунад. Ў ҳамчунин таъкид кард: “Вуқӯъи як ҷанг дар моҳҳои оянда бисёр ҷиддӣ аст ва ба сиёсатҳои оқои Байден ва моҷароҷӯии режими Эрон бастагӣ дорад.” 

Ин таҳлилгари умури Ховари миёна аз Исроил бар ин бовар аст, ки агар кӯшишҳои байналамилалӣ барои таваққуфи барномаи атомии Эрон ба натиҷа нарасид Исроил барои нобуд кардани таъсисоти атомии Эрон иқдом хоҳад кард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *