Рубрики Хабарҳо

Шаҳрҳои аз ҷиҳати экологӣ тозагии ҳавояшро гумкардаи Русия

Русия кишвари бузургтарини дунё аз ҳисоби масоҳат ба шумор меравад. Албатта тараққӣ ҳам кардааст, зеро дар даврон шӯравӣ, беҳтарин маводи истеҳсолии 15 кишвари тобеи иттиҳоди шӯравӣ аввал насиби Русияи марказ буд. Коргоҳҳои бузургтарин, фабрикаву завод, конҳои сангу металҳои қиматбаҳо дорад. Мо бароятон дар бораи 15 шаҳри аз ҷиҳати экологӣ тозагии ҳавояшро гумкардаи Русия гуфтанием. Албатта ин мавод аз назари баҳододаи экологҳои дунё навишта шудааст. 

Ба рӯйхати сиёҳи шаҳрҳои ҳавояшон ифлос Норилск, Липетск, Череповец, Новокузнецк, Нижний Тагил, Магнитогорск, Красноярск, Омск, Челябинск, Братск, Новочеркасск, Чита, Дзержинск, Медногорск ва Асбест шомиланд.

Албатта бисёр будани заводу фабрика боиси пешрафту тараққиёти шаҳр, ба кор таъмин шудани аҳолӣ ва беҳтар шудани зиндагӣ мегардад, аммо он дуду партове, ки аз коргоҳҳо мебарояд, экологияи шаҳрро ҳам беолудагӣ намегузорад. 

Масалан оғоз мекунем аз шаҳри Красноярск. Бо сабаби  кори фаъолонаи иншооти саноатӣ, корхонаҳо ва мошинҳои беҳадду ҳудуд бисёр, ҳавои ин шаҳри бузург қариб пурдуд шудааст. Илова бар ин дар фасли тобистон ин ҷо гоҳо аз беэҳтиётии истироҳаткунандагон ҷангалзорон оташ мегиранд ва ҳаворо боз ҳам олудатар месозанд. 

Красноярск «минтақаи офати экологӣ» номида шудааст. Ин шаҳр  маркази ноҳияи иқтисодии Сибири Шарқӣ мебошад, ба шаҳрҳои бузурги саноатӣ ва нақлиётӣ тааллуқ дорад, вазъи экологии он дар ҳолати фавқулодда шадид қарор дорад. Дар як соли охир экологияи ин шаҳр  хеле ҳам бадтар шуд.   Аз  соли 2014 тосоли  2017 ифлосии таркиби ҳавои Красноярск  3 маротиба афзудааст. Афзоиши шумораи беморони саратон дар шаҳр тақрибан 2,5% дар як сол зикр шудааст. Ва то охири соли 2017 ин рақам метавонад ба 373 бемор аз  100 ҳазор нафар аҳолӣ бирасад.

Магнитогорск  бошад, шаҳри аз ҷиҳати экологӣ номусоидтарин дар Урал мебошад. 

Манбаи асосии илоскунандаи ҳавои ин шаҳр, ҶСК Заводи металлургии Магнитогорск мебошад. Ифлосшавии атмосфера аз сабаби хориҷшавии бензопирен, диоксиди азот, карбонсулфид ва фенол баландтарин аст.

Норильск шаҳрест, ки  солҳои 30-юм аз ҷониби маҳбусони ГУЛАГ бунёд ёфтааст. Норилск бо зиёда аз 100 ҳазор нафар аҳолӣ дар Арктикаи сарди Сибир ҷойгир аст. Ҳарорати максималӣ дар тобистон метавонад ба 32 ° С ва ҳадди аққал дар зимистон аз -50 ° С расад. Шаҳр, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ ба саноати маъданҳои кӯҳӣ асос ёфтааст, комилан ба ғизои воридотӣ вобастагӣ дорад. Саноати асосӣ истихроҷи металлҳои қиматбаҳо мебошад. Ва маҳз ба туфайли истихроҷи металлҳо, Норилск ба яке аз шаҳрҳои ифлостарини Русия табдил ёфтааст.

Пас аз баста шудани корхонаи Никел дар моҳи июни соли 2016, партовҳои зараровар ба атмосфера сеяк кам шуданд. Ин корхона, ки дар маркази таърихӣ ҷойгир аст, қадимтарин дороии Никель Нориль ба ҳисоб мерафт ва 25% ифлосшавии минтақаро ташкил медод. Корхона солона ба ҳаво тақрибан 400,000 тонна сулфиди сулфур мепартояд. Ин Норилскро ифлоскунандаи асосии Арктика ва ба яке аз даҳ шаҳри ифлостарини сайёра аз рӯи маълумоти Greenpeace табдил дод.

Липецк ҳам ҷиҳати ифлоскунии ҳаво бо коргоҳҳои истеҳсолиаш хеле назаррас аст. Ҳарчанд, ки солҳои охир мутахассисон хеле кӯшиши бартараф кардани ин ҳолатро доранд. Тибқи натиҷаҳои маълумоти расмӣ, ҳар сол ба қабатҳои атмосфера зиёда аз 350 ҳазор тонна моддаҳои ифлоскунанда ворид мешаванд. Ин ба ҳар сари аҳолӣ беш аз 700 кило рост меояд. Зиёда аз ҳама меъёр дар металлҳои вазнин, диоксинҳо, бензопирен ва фенол ба мушоҳида мерасад. Манбаи асосии ифлосшавӣ Комбинати металлургии Новолипецк мебошад.

Дар шаҳри Дзержинск бошад, он қадар партови коргоҳҳо ба об  равон карда шудааст, ки дар натиҷа як кӯли бузурги аз моддаҳои кимиёвӣ заҳролудшудае пайдо шудааст ва онро бо лақаби “Баҳри сафед “ мешиносанд. 

Братск

Манбаъҳои асосии ифлосшавии атмосфера дар шаҳр корхонаи алюминийи Братск, заводи ферросплав, маркази гармидиҳӣ ва маҷмааи саноати чӯбу тахтаи Братск мебошанд. Ғайр аз он, сӯхторҳои ҷангалҳо ҳар баҳор ва тобистон мунтазам рух медиҳанд ва аз ду ҳафта то чор моҳ тӯл мекашанд.

Соима Саидӣ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *