Панфилов Олег Валентинович соли 1957 дар вилояти Ленинобод (Суғди имрӯза) ба дунё омадааст. Озодандешу ошкоргӯву ҳақиқатнигор, таърихшиносу рассом ва олими шинохта, муаллифи 37 китоб, 9 адад филм дар мавзӯъҳои гуногун ва беш аз панҷ ҳазор нашр дар рӯзномаҳо ва маҷаллаҳои бисёр кишварҳо мебошад. Дар гузашта — асосгузор ва директори Маркази рӯзноманигорӣ дар ҳолатҳои фавқулодда дар солҳои 2000-2010, директори Бюрои Москва Кумитаи Амрикоии ҳимояи Журналистон буд.
Аз соли 1991, дар Радиои Озодӣ — дар бахши русӣ, муаллиф ва барандаи барномаи «Власть и пресса» — Ҳокимият ва Матбуот, ва муаллифи барномаи «Время и мир” — Замона ва Сулҳ низ буд.
Олег Панфилов Донишкадаи Давлатии Омӯзгории шаҳри Ленинобод (Хуҷанди имрӯза)-ро хатм карда, ба ҳайси муаллими санъати тасвирӣ фаъолияташро оғоз намуд. Инчунин зиёда аз 10 сол дар Институти таърих ба номи аҳмади Дониш, дар Академияи илмҳои Тоҷикистон — бостоншиносӣ, таърихи фарҳангҳои халқҳои Осиёи Марказӣ, этнография ва санъати сангтарошӣ шуғли илмӣ дошт.
Ба самти рӯзноманигори аз соли 1974 қадам гузошта, аввалин гузориши ӯ дар рӯзномаи «Ленинабадская правда» — Ҳақиқати ленинобод рӯйи чоп омадааст. Солҳои 1984-1990 Муаллиф ва барандаи барномаҳои «Аз қаъри қарнҳо” ва “Хотираҳои гузашта» дар телевизиони Тоҷикистон буд. То соли 1991 муаллифи мақолаҳои илмии оммавӣ дар рӯзномаҳо ва маҷаллаҳои гуногун, барномаҳо ва шарҳҳо дар телевизион ва радио мебошад.
Вай ҳамчун рӯзноманигор дар рӯзномаи «Комсомолец Таджикистана», корбари мухбири «Независимая газета» дар Тоҷикистон, мухбири мустақили Агентии Ассошиэйтед Пресс, “Рӯзномаи Виборка” (Полша) ва муовини аввали сармуҳаррири маҷаллаи “Осиёи Марказӣ” (Шветсия) кор кардааст.
Моҳи ноябри соли 2009, вай ба таври доимӣ ба Гурҷистон кӯчид ва шаҳрвандии Гурҷистонро қабул кард. Воқеан, шаҳрвандиро Президенти Гурҷистон додааст. Аз ноябри соли 2009 профессори Донишгоҳи Давлатии Илёс, доктори фахрии Донишгоҳи Горӣ мебошад. Аз издивоҷи аввалинаш як духтар дорад бо номи Татьяна, ки Нигина низ ном мебурд.
Аз Тоҷикистон соли 1992 бо сабаби фишорҳои равониву ҷисмонӣ ва албатта аз сабаби нобасомониҳои вазъи берун аз ҳудуди кишвар хориҷ шуда буд. Дар Ватан ду хона дошт, ки аз рӯйи гуфтаи ӯ як хонаашро баробари рафтанаш аз Тоҷикистон, дар ҳамон соли 1992 ғасб карданд. Ӯ он ҳамон дар хабаргузории амрикоии Аssociated Рress кор мекард. Хонаи дигарашро, ки дар маркази Душанбе, кӯчаи Пушкин хонаи 6 ҳуҷраи 24 қарор дошт, соли 1997 шахси Юсуф Раҳмон азхуд кардааст.
Соли 2002 Панфилов барои баргардонидани хонаҳояш вакили дифоъ киро мекунад, аммо ӯро метарсонанд ва вакил аз идомаи бурдани кори рӯзноманигор даст мекашад. Баъди он вакили дифоъ аз вохӯрӣ бо Панфилов худдорӣ мекунад ва тамоми ҳуҷҷатҳои ин ду хона ҳам дар дасти ӯ боқӣ мемонанд.
Ин рӯзноманигори шинохта мегӯяд дилаш ба хонаҳояш намесӯзад, вале бойгоние, дар хонаи якҳуҷрагиаш дошт бебаҳо буд. Дар он ҳудуди 10 000 китоб, ки байнашон китобҳои қадимӣ ҳам зиёд буданд, дастнависи китобҳои оғозкардааш, маводҳои экспедитсяи ба Яғноб дар се сол ва аксҳои зиёде сар аз охири асри 19 вуҷуд доштанд.
Панфилов Олег Валентинович дорандаи ҷоиза ва мукофотҳои зиёдест, ки як қатор аз онҳоро номбар мекунем.
Соли 1991 — Медали Коллеҷи Зороастрии Бомбейи Ҳиндустонро сазовор гардид.
Соли 1995 бошад, Ҷоизаи бузурги ҷашнвораи байналмиллалии филми “Тасвири имон”-ро ба даст овард.
Соли 1995 Ҷоизаи Иттиҳодияи Рӯзноманигорони Русияро барояш муносиб донистанд ва соли 2012 имтиноъ кард.
Соли 1999 нишони фахрии Иттифоқи Журналистони Русия насибаш гашт.
Дипломи Иттифоқи Журналистони Русияро «Барои шоистагӣ ба ҷомеаи касбӣ» соли 2005 ба даст овард.
Ва соли 2009 ҷоизаи “CITTA`DI SIENA ISF ”-и кишвари Италияро сазовор гардид.
Соима Саидӣ