Бузургтарин масҷиди Тоҷикистон, ки асосан бо сармояи Қатар сохта шуда ва 10 сол боз мунтазири иҷозаи ҳукумат аст, эҳтимолан то ним соли дигар дарҳояшро боз кунад. Дар ин бора раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Сулаймон Давлатзода имрӯз, 3 феврал дар нишасти матбуотии нишасти зертобеъаш хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ қарор аст ҳайати Қатар дар семоҳаи дуввуми имсол ба Тоҷикистон сафар кунад ва эҳтимолан зимни сафари ин гуруҳ масҷид ифтитоҳ мешавад. Дар ҳамин ҳол, дар даҳ соле, ки аз замони бунёди масҷид гузашт, ҳади ақал чаҳор бор мақомот санаи ифтитоҳи онро эълон карда буданд, аммо бо баҳонаҳое онро ақиб партофтанд.
Раиси Кумитаи дин гуфт, масҷид бояд бо ҳузури намояндагони ду кишвар боз шавад, чун аз рӯи лоиҳаи дуҷониба бунёд шудааст. Тасмими сохтани он замон калонтарин масҷид дар Осиёи Миёна соли 2009, замоне, ки дар Тоҷикистон 1310-солагии Имоми Аъзам ҷашн гирфита мешуд, гирифта шуд ва қарор буд он соли 2012 ифтитоҳ гардад.
Ҳар сол дар нишасти матбуотӣ аз Кумитаи дин дар бораи ин масҷид суол мекунанд ва ин кумита ё санаи ифтитоҳи онро эълон мекунад ва ё баҳонае ба ифтитоҳ нашдунаи он меорад. Соли гузашта Давлатзода гуфта буд, масҷид аз тафтиши комиссияи давлатӣ гузашта, барои истифода омода аст.
Бузургтарин масҷиди Тоҷикистон дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз чаҳор манораи баландиашон 65-метрӣ, гунбази 47-метрӣ, толори бузург, толорҳои хурди намозгузорӣ, китобхона ва утоқҳои зиёд барои ҷаласаҳо иборат аст.
Бунёди ин масҷиди бузарг дар ҳолест, ки шурӯъ аз соли 2011 мақомоти Тоҷикистон ҳади ақал 2000 масҷидро ғайриқонунӣ эълон карда ва дарҳои онро бастаанд ва ё ба бунгоҳҳои тиббӣ, дарсхона ва ҳатто толори варзишу кинотеатр табдил додаанд. Қисмате аз масоҷид комилан тахриб гардидаанд.