Рубрики Хабарҳо

ДАР ОСТОНАИ МОҲИ РАҲМАТ

Инак, ҳамроҳ бо ҳам озими моҳи мубораки Рамазон ҳастем.  Моҳе, ки фаровони раҳмату баракати Парвардигор аст. Моҳе, ки мусалмонон чаҳорумин фаризаи Исломро анҷом медиҳанд, рӯза мегиранд.

Моҳи рамазон нуҳум моҳи ҳиҷрӣ ба шумор меравад. Байни Шаъбону Шаввол ҷой дорад.

Маънои калимаи Рамазон гармии шадид, инчунин  гуруснагиву ташнагӣ ва машаққат мебошад.

Рамазон ягона моҳест, ки номаш дар Қурон зикр шудааст. Аллоҳ дар китобаш мегӯяд:

شهر رمضان الذي انزل فيه القران هدى للناس و بينات من الهدى و الفرقان فمن شهد منكم الشهر فليصمه

Рамазон моҳест, ки дар он Қуръон нозил шудааст, то мардум бо оятҳои возеҳи Қуръони ба роҳи рост ҳидоят ёбанду ҳақро аз ботил ҷудо намоянд. Пас ҳар нафаре, ки аз шумо расидани ин моҳро шоҳид гашт бояд рӯза гирад.(Бақара 185)

Моҳи мубораки Рамазон фазилатҳои бешумор дорад.

Дар моҳи Рамазон дарҳои Биҳишт боз мегарданд, Ва дарҳои Дӯзах баста мешаванд, Шаётин занҷир банд карда мешаванд. Амалҳои солеҳ фаровон мегардад. Гуноҳ кардани бандагон ба маротиб кам мешавад.

Аз бузургтарин фазилати ин моҳ дар Рамазон шабе вуҷуд дорад, ки ибодати он шаб беҳтар аз ибодати ҳазор моҳ мебошад. Он шаб, шаби Қадр аст. Бузургтарин шаб дар байни шабҳои сол.

Моҳи мубораки Рамазон моҳи нузули Қуръон аст. Қуръони карим дар моҳи рамазон нозил шудааст, инчунин тамоми китобҳои осмонӣ дар ин моҳ нозил шудаанд.

Ибодати холисонаи моҳи Рамазон гуноҳҳоро пок месозад. Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам мегӯянд:

Ибодати моҳи Рамазон гуноҳҳои байни ину он Рамазонро пок месозад.

Дар моҳи мубораки Рамазон бузургтарин фарзи Илоҳи Рӯзаро анҷом медиҳем. Бо гирифтани Рӯза, ҳам фарзи Аллоҳро ба ҷо меорем, ҳам ҷисману руҳан ғарқи фоидаҳои бепоён мешавем.

Моҳи Рамазон моҳи тиловати Қуръон мебошад. Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам дар моҳи рамазон тамоми Қуръонро дар назди Ҷаброил хатм мекарданд. Умматони Паёмбар ба расулашон иқтидо намуда, дар ин моҳ машғули тиловату хатм намудани Қуръон мешаванд, аммо танҳо тиловати Қуръон кофӣ нест. Бояд каломи Илоҳиро маъношро дониста, бо тадаббуру тафаккур қироат намоем.

Аз неъматҳои дигари ин моҳи муборак намози Таровеҳ мебошад. Намозе, ки танҳо дар Рамазон хонда мешавад. Мусалмонан саф ба саф дар канори ҳамдигар намози Таровеҳ мехонанд. Дастаҷамъона дуо мегӯянд.

Бояд бо тамоми ҳасти шукргузори Аллоҳ бошем, барои он, ки моро ба Рамазон расонид. Хелеҳо ҳастанд, ки дар Рамазони гузашта бо мо буданд, аммо дар Рамазони имсола дар байнамон вуҷуд надоранд. Умри муқаддари онҳо сабаб гашт, ибодати Рамазони имсола барояшон насиб нагардад. Кӣ медонад, то Рамазони оянда кадоме аз мо мемонем ва кадоми дигар меравем. Пас биёед, Рамазони имсолро он тавр ибодат намоем, ки гӯё охирин Рамазони умрамон бошад. То ибодати ин моҳро бо тамоми ихлосу беҳтарин шакл анҷом диҳем.

Муслимаи Аҳмадӣ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *