Рубрики Хабарҳо

Раҳмону Ғанӣ вазъи сарҳадро баррасӣ карданд

Эмомалӣ Раҳмон ва Ашраф Ғанӣ раисиҷумҳурони Тоҷикистону Афғонистон вазъи сарҳадро баррасӣ карданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар рафти суҳбат Эмомалӣ Раҳмон ва Ашраф Ғанӣ ҳамчунин вазъи низомӣ ва сиёсии Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Манбаъ меафзояд, Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори нигаронӣ Ашраф Ғаниро аз ҳодисаҳои нави ба таври маҷбурӣ фирор кардани низомиёни афғон ба хоки Тоҷикистон дар ҷараён гузошт.

Манбаъ меафзояд, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараён қайд намудааст, ки Тоҷикистон, чун кишвари ҳамҷавори Афғонистон, ҳамеша манфиатдори оромӣ ва субот дар ин кишвар буда, дар ин мавқеъ минбаъд низ устувор хоҳад монд ва аз ҳамаи талошҳо ҷиҳати пешбурди музокироти сулҳи байниафғонӣ ҷонибдорӣ менамояд.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо оид ба дигар масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаи амниятӣ табодули афкор анҷом дода, зарурати таъмини амнияти сарҳадотро бахусус таъкид карданд.

Вазъият феълан дар марзи Тоҷикистону Афғонистон нигаронкунанда боқӣ мемонад. Ҳамалоти Толибон* ҳамарӯза қавитар мегардад ва онҳо ҳудуди минтақаҳои таҳти тасарруфи худро васеътар намуда истодаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *