Ҳамидризо Ҷонбоз, мудиромили ширкати об ва фузулоби Эрон дирӯз дар як нишасти хабарӣ дар хусуси таъмини об ва барқи ин кишвар гуфт: дар ҳол ҳозир аз миёни 304 шаҳр дар маърази таниши обӣ, 101 шаҳр дар вазъияти қирмизи таъмини об қарор дорад.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии вазорати неруи Эрон, вай дар хусуси вазъияти боришҳо дар Эрон тавзеҳ дод: дар 6 ҳавзаи обрези кишвар шоҳиди коҳиши боришҳо нисбат ба соли гузашта ҳастем. Бар асоси омор ба таври мутавассит вазъияти коҳиши бориш дар 6 ҳавзаи обрез нисбат ба соли гузашта 52 дарсад коҳиш дошта ва нисбат ба мутавассити баландмуддат 37 дарсад коҳиш боришро шоҳид ҳастем.
Ҷонбоз афзуд: бештари ин коҳиши боришҳо дар ҳавзаи шарқ ва маркази Эрон бо 53 дарсад ва камтарин (коҳиши боришҳо) дар шимоли ғарб ва ҳавзаи обрези дарёи Арумия 13 дарсад будааст.
Вай бо баёни ин ки таъмини оби нӯшидании ҳудуди 500 шаҳр ва ба таври дақиқ 467 шаҳр вобаста ба манобеъи об садҳо ҳастанд, идома дод: агар нигоҳе ба вазъияти об садҳои муҳими кишвар, ки вазифаи таъмин оби нӯшиданиро доранд бияндозем, дар мизони вуруди оби садҳо дар соли ҷорӣ нисбат ба мутавассити соли гузашта 60 дарсад ва дар мизони ҳаҷми оби садҳо ҳам 34 дарсад коҳишро шоҳид ҳастем.