Рубрики Хабарҳо

СҶБ: вазъи паҳншавии коруно вахим аст

Созмони ҷаҳонии Беҳдошт вазъи паҳншавии коронавирус дар ҷаҳонро вахим дониста эълом кард, ки паҳншавии вирус то ҳол дар ҳамон сатҳест, ки аввали сол буд.

Ханс Клюге, мудири бахши аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд, бурузи дубораи COVID-19 ба тамоми ҷаҳон таҳдид мекунад.

Ба гуфтаи Клюге, мавҷи дувуми вирус агар пешгирӣ нашавад, мудҳиштар хоҳад буд.

Мудири бахши аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бо таъкид гуфт,  «Мавҷи дувум ногузир нест. Аммо бештари кишварҳо аллакай маҳдудиятҳоро мебардоранд, ки таҳдиди ҷаҳиши дубораи КОВИД-19-ро бештар мекунад. Агар пешгирӣ накунем, мавҷи дувум мудҳиштар хоҳад шуд».

Ханс Клюге бо нигаронӣ гуфт, «То ҳол  на ваксин дорему на роҳи муайяни табобати коронавирус», 

Коронавируси навъи ҷадид бори нахуст моҳи декабри соли 2019 дар Вуҳани Чин ошкор шуд. Ин вабо  зуд  паҳн гардид.

То имрӯз дар ҷаҳон шумораи гирифторони навъи нави коронавируси COVID-19 ба бештар аз 6 миллиону 263 ҳазор расид. Бо гирифторӣ ба ин беморӣ дар ҷаҳон 373 ҳазору 899 тан вафот кардаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *