Рубрики Хабарҳо

Сафири Русия ба ВКХ Тоҷикистон эҳзор шуд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо эҳзори сафири Русия дар кишвар аз боздошти дастаҷамъонаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия изҳори нигаронӣ кардаааст. ВКХ таъкид карда, ки зарурати вокуниши муштарак ба мушкилоти мавҷуда ва пайдошудаи муҳоҷират ба миён омадааст.

Содиқ Имомӣ, муовини вазири корҳои хориҷӣ дар вохӯрӣ бо Сергей Григорев, сафири Русия дар Тоҷикистон аз ҷумла рӯи муносибати дағалона нисбати донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи техникии шаҳри Комсомолски лаби Амур, ки субҳи 19-уми май, дар хобгоҳи №3-и донишгоҳ аз сӯи нерӯҳои вижаи минтақаи Хабаровск сурат гирифт, таваҷҷӯҳ кардааст. 

Ба , ҷонибҳо ҳамчунин, зарурати вокуниши якҷоя ба мушкилоти ҷойдошта ва пайдошаванда дар самти муҳоҷират ва аҳамияти андешидани амалҳои ҳамоҳангшуда дар таҳияи тадбирҳои имконпазири муштаракро таъкид намудаанд.

“Таъкид карда шуд, ки чунин ҳодисаҳо ба рӯҳи муносибатҳои шарокати стратегӣ ва иттифоқии Тоҷикистону Россия муносиб набуда, метавонанд ба талошҳои ҷонибҳо баҳри рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи маориф зиён расонанд”, — омадааст дар иттилоияи ВКХ.

Рӯзи 23 майи соли равон хабари латукӯби беш аз 100 донишҷӯи тоҷики донишгоҳи Комсомолски лаби Амур аз сӯи нерӯҳои амниятии минтақаи Хабаровск расонаӣ шуд.

Тибқи иттилои нашргардида, афсарони ба истилоҳ “ОМОН” ва “ФСБ”-и Хабаровск субҳи барвақти рӯзи 19 май, қабл аз оғози дарс, ба хобгоҳ даромада, донишҷӯёнро бидуни далел латукӯб кардаанд.

Гуфтанист рӯзҳои охир ҳодисаҳои боздошту таъқиби муҳоҷирони тоҷик аз сӯи мақомоти марбутаи Русия зиёд шудааст. Бархе муҳоҷирон шикоят мекунанд, ки нерӯҳои вижаи Русия ҳамарӯза садҳо муҳоҷир, махсусан тоҷиконро бидуни далел боздошт карда, ҷарима мекунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *