Рубрики Хабарҳо

Ҳалокати 5 сокини Тоҷикобод аз заминларзаи субҳи имрӯз

 Зилзилаи наздик ба 6 бал, ки субҳи имрӯз дар шарқи Тоҷикистон рух дод, ҷони 5 нафар сокини ноҳияи Тоҷикободро гирифт. Дар ин бора имрӯз, 10 июл Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод. Бархе сокинони ноҳия дар шабакаҳои иҷтимоӣ шумори қурбониёнро 9 нафар гуфтаанд.

Бахши зилзиласанҷии Академияи илмҳои Тоҷикистон иттилоъ додааст заминларза соати 7:14 субҳи имрӯз дар 20 километрии маркази ноҳияи Рашти Тоҷикистон ба вуҷӯъ омадааст. Шиддати зилзила аз рӯи ҷадвали Рихтер 5,9 бал гуфта мешавад. Дар натиҷаи заминларза дар деҳаҳои Ҳазорчашма ва Ярхаби ҷаомати Ҳиҷборак 7 хона, дар деҳаҳои Шархо ва Сари Шухони ҷамоати Аскалони ноҳияи Рашт 12 хона осеб дидаанд.

Дар миёни қурбониёни зилзила ду нафарашон кӯдакон гуфта мешаванд. Барои рафъи оқибатҳои зилзила комиссияи ҷумҳуриявӣ тасъсис дода шудааст, ки Қоҳир Расулзода нахуствазири Тоҷикистон онро роҳбарӣ мекунад. 

Ҳамчунон аз хисороти зилзила аз ноҳияи Тоҷикбод гузориш дода мешавад. Бештари хонаҳо дар ҷамоати Лангари Шоҳ вайрон шудаанд ва 5 нафар қурбониёни зилзила ҳам аз ҳамин ҷамоат будаанд.

Сокинони дигар манотиқи Тоҷикистон ҳам субҳи имрӯз зилзиларо эҳсос карданд. Ба гуфтаи мақомот шиддати зилзила дар Душанбе 2-3 дараҷаи ҷадвали Рихтер буд. 

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ сокинон аз Суғду Кӯлоб ҳам навиштанд, ки заминларзаро “сахт эҳсос карданд”. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *