Categories Хабарҳо

«Тоҷиказот»-ро дар Наврӯз ба кор дароварданианд

Корхонаи нуриҳои азотии Вахшро, ки мебоист тирамоҳи соли 2022 ба кор андохта мешуд, мехоҳанд дар ҷашни Наврӯз ба истифода диҳанд. 

Дар соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ҳудуди 200 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ ворид шудааст, ки нисфи ниёзҳои кишоварзиро мепӯшонад.

Аммо, гуфта мешавад, барои ба даст овардани ҳосили оптималии зироатҳо Тоҷикистон ҳамасола ба камаш 400 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ ниёз дорад.

Ягона корхонаи истеҳсоли нуриҳои азотӣ дар Сарбанд «Тоҷиказот», ки бояд то иди Наврӯз ба кор шурӯъ кунад, дар навбати аввал метавонад беш аз 100 ҳазор тонна карбамид истеҳсол кунад ва баъдан бо ба кор андохтани хатҳои навбатӣ корхона метавонад ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар як сол ба 200 ҳазор тонна расонад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи пешгӯии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии ҷумҳурӣ, Тоҷикистон дар соли 2025 воридоти нуриҳои минералиро ба 309 ҳазор тонна мерасонад.

Дар ҳоли ҳозир нуриҳои азотӣ, ки беш аз 70%-и талаботи бозори нуриҳоро ташкил медиҳад, вобаста ба номҳо барои 1 кг аз 7 то 12 сомонӣ арзиш дорад.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *