Тибқи иттилоъи манбаъи “Паём” шумори кушташудаҳо дар муассисаи ислоҳотии рақами 3-и вазорати адлия воқеъ дар шаҳри Хуҷанд беш аз 40 нафар аст.
Манбаъ бо истинод ба “Салиби сурх”-и Тоҷикистон иттилоъ дод, ки зимни пахши исён дар зиндон беш аз 40 нафар кушта шудаанд. Шумори маҷрӯҳон ҳам беш аз сад нафар гуфта мешавад.
Қаблан расонаҳо аз кушта шудани 24 то 32 нафар хабар дода буданд. Сомонаи “Ахбор” навишта буд 22 нафар маҳбус ва ду корманди муассисаи ислоҳотӣ ҷони худро аз даст додаанд. Бештари расонаҳои дигар ҳам ба ҳамин манбаъ истинод карданд.
Аммо ахиран хабаргузории Азия Плюс бо истинод ба манбаъаш дар мақомоти интизомии вилояти Суғд хабар додааст, ки шумори кушташудагон 32 нафар аст: 2 корманди зиндон ва 30 маҳбус.
Субҳи имрӯз ду акс аз маҳбусони кушташуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ки дар ду саф хобиданд. Дар як сафи он, ки маълум нест пурра акс гирифта шудааст ё на, ҳади ақал 15 нафар дида мешаванд.
Номи зиндонбонҳои кушташуда нашр гардидааст, ки Мирсаид Қодиров, сардори шӯъбаи тарбиявии зиндони рақами 3 ва Эҳсон Ёқубов, посбони маҳбас мебошанд, аммо асмои зиндониёни кушташуда, ба ҷуз 1-2 нафаре,ки наздиконашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, расонаӣ нашудааст.
Мақомоти Тоҷикистон ҳам то ҳол ҳеҷ изҳориназаре дар мавриди исён ва сабабу шумори кушташудагони он накардаанд.
Ба Паём муяссар шуда ному нишонаҳои чанд маҳбуси кушташударо пайдо кунад, ки ба зудӣ нашр хоҳад шуд.