Рубрики Хабарҳо

Оғози дидори ҳайатҳои Туркия ва Русия дар Маскав

Дувумин нишасти ҳайатҳои Туркия ва Русия дар Маскав перомуни охирин таҳаввулоти Идлиб оғоз шуд. 

Дувумин нишасти ҳайатҳои Туркия ва Русия дар Маскав перомуни баррасии роҳҳои барқарории ҳарчи сареътари оромиш дар Идлиб ва пешбурди раванди сиёсӣ дар Сурия оғоз шуд. 

Ин дидор пушти дарҳои баста бидуни ҳузури хабарнигорон анҷом мегирад. 

Садод Унол, муовини вазири умури хориҷаи Туркия риёсати ҳайати Туркия ва Сергей Варшин, муовини вазири умури хориҷа ва Александр Лаврентов, намояндаи вежаи раисҷумҳури Русия дар умури Сурия риёсати ҳайати Русияро бар ӯҳда доранд. 

Намояндагони Туркия дар ҷаласаи шаби гузашта бар барқарории ҳарчи сареътари амният ва оромиш дар Идлиб, ҷилавгирӣ аз буҳрони инсонӣ ва ‍поён додан ба нақзи тавофуқи Сочӣ таъкид карданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *