Барои рушди иқтисоди Тоҷикистон то соли 2026 Бонки Осиёии Рушд ҳудуди 150 миллион доллар пул медиҳад.
Гуфта мешавад, ҳаҷми бештари сармоягузориҳои БОР дар ҷумҳурӣ ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва диверсификатсияи саноат равона карда мешаванд.
Дар доираи диверсификатсияи саноат рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ тавассути мусоидат ба таъсис ва рушди корхонаҳои истеҳсолӣ дар кишвар пешбинӣ шудааст.
Самти дигари муҳимтарини ҳамкорӣ ин мусоидат ба таъмини амнияти энергетикии кишвар мебошад. Он маблағгузории лоиҳаҳои хурди гидроэнергетикӣ ва офтобӣ, бунёди иншооти нав ва азнавсозии иншооти мавҷудаи энергетикиро пешбинӣ мекунад.
Дар ҳамин ҳол, аксари кӯмакҳои ин бонк аз тарафи мақомдорони тоҷик дуздида мешавад, аммо то ҳол ба ҳеҷ ҳолате аз ин дуздиҳо БОР эътирозе накардааст. Кӯмакҳои «ҳотамонаи» ин бонк ба ҳукумати Тоҷикистон шубҳаҳоеро ҳам эҷод кардааст. Як таҳқиқи Паём нишон дод, ки соли 2020 ин бонк ба ҳукумати Раҳмон ҳади ақал $700 млн маблағ гузаронидааст, ки 86%-и (!) онро грантҳои бебозгашт ташкил медиҳанд.
Гуфтанист, ҳафтаи гузашта Бонки Осиёии Рушд ва се ширкати тоҷикӣ дар Душанбе ба маблағи умумии 6 миллиону 100 ҳазор доллар созишномаи молиявӣ ба имзо расониданд, ки лоиҳаҳо бахшҳои саноат, кишоварзӣ, хизматрасонӣ ва тиҷоратро дар бар мегиранд. Дар ҳамин ҳол ҳамиа ин ширкаҳо ба афроди наздик ба хонаводаи раисҷумҳури Тоҷикистон мутааллиқанд.
Бонки Осиёии Рушд ҳамчунин масъалаи маблағгузории як қатор тарҳҳои энержӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла нерӯгоҳи Роғунро меомӯзад.
Сухан аз имкони маблағгузории ду лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳҳои миёна дар дарёи Зарафшон ва НБО Роғун дар дарёи Вахш меравад.