Агентии федералии нақлиёти ҳавоии Русия ба ширкати ҳавопаймоии Уралские авиалинии иҷозат дод, ки аз шаҳри Чебоксари Федератсияи Русия ба шаҳрҳои Ӯш ва Бишкеки Қирғизистон, Кулоб, Хуҷанд ва Душанбеи Тоҷикистон ва Намангони Узбекистон парвозҳои мустақим анҷом диҳад.
Дар ин бора хабаргузории маҳаллии Чувашинформ иттилоъ додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, қарор аст парвозҳо ба Қирғизистон тули ҳафта, 7 маротиба, яъне ҳар рӯз як парвоз анҷом дода шавад. «Уралские авиалинии» ният дорад, ки ҳафтае 3 маротиба ба Тоҷикистон ва Узбакистон низ парвоз кунад.