Ситоди фармондеҳии артиши Амрико дар Африқо эълом кард, ки тахмин зада мешавад 2000 нафар аз муздурони ширкати русии “Вагнер” дар суфуфи ҷенероли кудатогар Халифа Ҳафтар дар Либия меҷанганд.
Никол Кершмон, масъули равобити умумии ситоди фармондеҳии артиш Амрико дар Африқо (Аfricom) дар мусоҳиба бо шабака телевизиони “Фебрери” дар Траблос гуфт: тахмин мезанем 2000 нафар аз муздурони ширкати русии “Вагнер” дар сафҳои шибҳинизомиёни вобаста ба Халифа Ҳафтар дар Либия меҷанганд.
Вай барқарории сулҳ ва субот дар Либияро барои таъмини амнияти минтақа муҳим дониста ва афзуд: ин ширкати русӣ боиси бесуботи минтақа мешавад. Буҳрони Либия бояд аз роҳҳои сиёсӣ ҳал шавад.
Лозим ба зикр аст, ширкати амниятии Вагнер мутааллиқ ба Евгений Пригожин, мулаққаб ба “сарошпаз Кремл”, дар Сурия, Украина, Либия ва бархе кишварҳои Африқоӣ фаъолитҳои сиёсӣ анҷом медиҳад ва ба ин кишварҳо муздурон эъзом мекунад.
Бар асоси гузоришҳои Созмони милал муттаҳид беш аз 1000 муздури вобаста ба ин ширкат дар Траблос барои Халифа Ҳафтар меҷанганд.