Имрӯз ба Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин 2 миллион воя ваксинаи «CoronaVaс» ва сӯзандору ҳамчун кумаки башардӯстона ворид карда шуд.
Дар ин бора Агентии иттилоотии Ховар хабар дод.
Дар маросими қабули ваксинаи мазкур муовини Сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва намояндаи Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Аз зикри ҳозирбудагон маълум мешавад, худи Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ дар маросими қабули ваксина дида нашудааст.
Гуфта мешавад, «тибқи тавофуқи пешакӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба дастрас намудани кумакҳои башардӯстона ва таъмин намудани Тоҷикистон бо ваксина ҷиҳати мубориза бо бемории сироятии нави коронавируси COVID- 19 дар навбати дуюми кумакҳои башардӯстона 2 миллион воя ваксинаи «CoronaVaс»-и ширкати «Sinovac»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон ворид шуд. Аз рӯи нақшаи чорабиниҳо ва тақсими ваксинаҳо ба минтақаҳои ҷумҳурӣ шурӯъ аз имрӯз ваксинаҳои воридшуда ба тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат вобаста ба шумораи аҳолии мақсаднок тақсим мегарданд ва ин тақвияти маъракаи ваксинатсия бар зидди сирояти нави коронавирус дар Тоҷикистон мебошад».
Тибқи маълумоти аз ҷониби вазорати тандурустии Тоҷикистон расонаишуда, то имрӯз ба Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 4 миллион воя ваксина ворид шудааст. То имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 474 ҳазор нафар аҳолӣ ваксинатсия карда шудаанд.