Беҳтар аз ҳама ба бахши энергетика сармоягузорӣ шудааст
Дар Тоҷикистон бештар ба бахши энергетика сармоягузорӣ шудааст. То 1 июли соли равон дар Тоҷикистон 74 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ мавриди амал қарор дорад. Маблағи умумии лоиҳаҳо 38,1 млрд сомониро ташкил медиҳад.
Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар нишасти матбуотӣ, ки имрӯз, 28 июл баргузор шуд, дар ин бора маълумот дода гуфт, ин миқдор маблағ ба сармоягузории бахшҳои энергетика (969 млн сомонӣ), нақлиёт (632 млн), маориф (ҳудуди 103 млн), тандурустӣ (148 млн), хоҷагии манзилию коммуналӣ (160 млн), кишоварзӣ (105 млн сомонӣ) ва дигар соҳаҳои иқтисод равона шудааст.
Нимсолаи аввал ба рушди иқтисоди Тоҷикистон 276,3 млн доллар сармоягузории хориҷӣ ворид шудааст, ки 99 млн доллар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст.
Ба гуфти Қодирзода “аз ҷониби Чин ба маблағи 104 млн доллар, Люксембург — 66,8 млн, Туркия — 13,5 млн, Швейтсария — 13,1 млн ва Арабистони Саудӣ — 10,6 млн доллар сармоягузорӣ сурат гирифтааст”.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Кумита, сармоягузориҳои Туркия ва Швейтсария, инчунин Чин дар ҳаҷми 89,1 млн доллар сармоягузориҳои мустақим буда, ба рушди саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва саноати коркард равона шудааст.
Қодирзода инчунин зикр кард, ки тӯли 6 моҳи соли 2021 дар ҷумҳурӣ 20 ҳазору 582 субъектҳои нави соҳибкорӣ ба қайд гирифта шуда, акнун шумори чунин субъектҳои хоҷагидорӣ дар кишвар 341ҳазору 100 ададро ташкил медиҳад.