Нашрияи ба ҳукумат наздики «Фараж» сабаби марги обиқ раиси шӯъбаи «Агроинвестбонк» Зоирҷон Қурбоновро, ки дар ноҳияи Шаҳринав дар синни 36 — солагӣ фавтид, вируси коруно гуфтааст.
Даргузашти собиқ раиси филиали «Агроинвестбон» дар ноҳияи Шаҳринавро рӯзноманигори тоҷик Саидэҳсони Ҷалолиён дар сафҳаи худ дар Фейсбук нашр намудаву аз марҳум инсони хоксору заминӣ ёдовар шуда буд.
Зимнан, дар аксар расонаҳои кишвар хабари даргузашти Зоирҷон Қурбонов нашр шуд ва иллати марги ӯро худкушӣ навиштанд.
Аммо Фараж бо такя ба гуфтаҳои наздикони Зоирҷон менависад, ки собиқ раиси филиали ин бонк дар ноҳияи Шаҳринав аз маризии коронавирус ба ҳалокат расидааст.
«Марҳум аз бемории илтиҳоби дутарафаи шуш азият мекашид ва тайи як ҳафтаи ахир дар бемористони ноҳияи Шаҳринав бистарӣ буд», — таъкид мешавад дар хабар.
Ба қавли наздикон, Зоирҷон Қурбонов ду моҳ қабл ба бемории коронавирус гирифтор шуда будааст.
Пайвандони марҳум афзудаанд «ин беморӣ баъдан ба шушҳояш таъсир гузошт».