Рубрики Pressa

Рустами Эмомалӣ дар Маскав. Мулоқоти ӯ бо Путин низ дар назар аст


Имрӯз, 28 май раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои анҷом додани сафари расмӣ вориди шаҳри Маскав шуд.

Бино ба иттилои расмӣ, дар фурудгоҳи байналмилалии Внуково-2-и шаҳри Маскав Рустами Эмомалиро муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия, Сафири Тоҷикистон дар Русия ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Дар ин сафар Рустами Эмомалӣ  бо роҳбарияти олии Русия дидору мулоқот хоҳад кард.

Ба гуфтаи сухангӯи Президенти Русия Дмитрий Песков, президенти Русия Владимир Путин Рустами Эмомалӣ, ки дар ин рӯзҳо дар Маскав қарор дорад, дидору гуфтугӯ хоҳад кард.

“Президент қарор аст имрӯз раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, ки ҳамзамон раиси шаҳри Душанбе аст ва дар Маскав қарор дорад, ба ҳузур пазирад”, – гуфт ӯ.

Песков таъкид кардааст, ки гуфтугӯ Путин ва Рустами Эмомалӣ кӯтоҳ хоҳад буд.

Ҳамчунин, Рустами Эмомалӣ бо раиси Шӯрои федератсияи Русия Валентина Матвиенко дидору гуфтугӯ хоҳад кард.

Гуфта мешавад, ки Рустами Эмомалиро дар ин сафар раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *