0. Сатҳи боварӣ ба мақомоти Тоҷикистон
Ба суратҳисоби махсусе, ки барои кӯмак ба зарардидагони муноқишаи марзӣ дар Воруху Чоркӯҳи Исфара аз тарафи Вазорати молия боз шуда буд, ҳеҷ маблағе ворид нашудааст. Дар ин бора мақомдорони Вазорати молия дар нишасти матбуотӣ хабар доданд.
Ба тарзи дигар ин хабарро мешавад чунин навишт: дар кишваре бо 9 миллион нуфус барои кӯмак ба онҳое, ки дар ҳимоя аз марзу буми ватан ҷони худро доданд, ё хонаҳояшонро таҷовузгарон оташ заданд, 1 нафаре пайдо нашудааст 1 сомонӣ ирсол кунад.
На танҳо сокинони кишвар. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон имрӯз, 2-юми август дар нишасти хабарии ниҳоди зертобеъаш гуфт, баъд аз кушодани суратҳисоби махсус, онҳо ба созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат карданд, то ба осебдидагони муноқишаи марзӣ кӯмаки худро расонанд.
Вазир аз суоли чандкаратаи хабарнигорон, ки мепурсиданд ба суратҳисоб чӣ қадар маблағ ворид шудаву ба куҷо масраф шудааст, бо ҳар баҳонае мегурехт. Билохира Ҷамшед Каримзода, муовини аввали вазири молия, ки зоҳиран аз пофишории журналистон тоқаташро аз даст дода буд ё мехост вазирро аз ҳолати ногувор берун оварад, дар посух ба ин суол гуфт, «ба суратҳисоб маблағ ворид нашудааст».
Тоҷики хасис…
Баробари шурӯъи муноқиша дар марз, садҳо ихтиёрӣ худро ба макони муноқиша расониданд, то аз марзу буми ватан ҳимоя кунанд. Ҳазорон нафари дигар дар тамоми шаҳру навоҳӣ омодагии рафтан ба марзро эълон карданд. шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз даъват ба ҳимоя аз ватан буданд. Онҳое ҳам, ки мегуфтанд омодаанд барои ҳимоя аз марзу номуси кишвар ҷон диҳанд, кам набуданд. Муҳоҷирони зиёде аз Русия омодагии худро барои рафтан ба марз баён доштанд. Ва аз ин даҳҳо ҳазор нафаре, ки омодаи вориди ҷанг шудану ҷонашонро ҳам фидо кардан буданд ЯК нафар омода нашуд ЯК сомонӣ ба суратҳисоби Вазорати молия барои кӯмак ба ҷонбохтагону хонасӯхтагон хайр кунад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ниҳоди калидии дигар — Вазорати корҳои дохила ҳам ба мардуму созмонҳо тавсия дод кӯмакҳои худро танҳо ба суратҳисоби бозкардаи Вазорати молия ирсол кунанд, то мабодо “қаллобон” аз фоҷеъаи марзӣ сӯистифода карда, кӯмакҳои мардумро ба нафъи худ истифода баранд.
Гузашта аз ин, бо вуҷуди муроҷиати яке аз вазоратҳои калидии кишвар ба созмонҳои байналмилалӣ ҳам ҳеҷ кадом аз онҳо омода нашудаст ба зарардидагон кӯмак кунад. Суоли матраҳ ин аст, ки чаро? Мардуми тоҷик ин қадар бахилу хасис шудааст? Созмонҳои байналмилал ба ҳаде бепарво шудаанд, ки ба муроҷиъати вазорати як кишвар камтарин эътиное намекунанд? Ё мушкил дар суратҳисобу вазорат аст?
…ё ҳукумати дузд…
Баъди ду-се рӯзи муноқишаи марзӣ бархе аз фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ даст ба кор шуданд, то ба зарардидагон кӯмак ҷамъоварӣ кунанд. Аз ҷумла мудирияти сербинандатарин гурӯҳи фейсбукӣ дар Тоҷикистон “Ахбор барои афкор” баъди дархостҳои паёпайи корбарони гурӯҳ суратҳисобе боз кард ва дар як муддати кӯтоҳ даҳҳо ҳазор сомонӣ вориди он шуд.
Дар ҳамкорӣ бо ин гурӯҳ созмони тоҷикони Амрико бо номи «Насли навини тоҷикон» ҳам ба ҷамъоварии маблағ шурӯъ кард ва дар кӯтоҳтарин муддат ба он 8000 доллар ворид шуд. Дертар як масъули ин созмон ба Паём гуфт, ки қарор буд маблағҳо ба маротиб бурургтар ҳам ворид шаванд, аммо ҷамъоварии он қатъ гардид.
Ҳамчунин тибқи иттилоъе, ки ба Паём расид, тоҷикони муқими Аврупо низ ба ҷамъоварии кӯмакҳо шурӯъ карда буданду муҳоҷирони даррусиябуда дар талоши кушодани суратҳисоб ва эълони ҷамъоварии кӯмакҳо қарор доштанд.
Вазорати молия ҳам билофосила баъди низоъ аз кушодани суратҳисоб бо ҳамин мақсад хабар дод, вале зоҳиран мардум таваҷҷӯҳи чандоне ба он накард. Ҳоло аз иқрори мақомдорони ин вазорат бармеояд, ки воқеъан ҳеҷ таваҷҷӯҳе набудааст. Бо гузашти чанд рӯз аз кушодашавии суратҳисоби вазорати молия ва ҳоло маълум мешавад, бинобар ворид нашудани дираме ба он, Вазорати корҳои дохила бо нашри изҳороте расман аз мардум даъват кард ба “қаллобоне”, ки бо кушодани суратҳисоб мехоҳанд аз ҳисоби мардуми зарардида киса пур кунанд, бовар накунад ва ҳар кӯмаке карданист, ба суратҳисоби бозкардаи Вазорати молия фиристад.
Вазорати дохила дар ҳоле мудирияти гурӯҳи “Ахбор барои афкор”-ро зимнан ба қаллобӣ муттаҳам кард, ки Раҷаби Мирзо, масъули гурӯҳ ҳаррӯза ва гоҳе соат ба соат аз маблағҳои воридшуда хабар медод. Имкони қаллобӣ дар ин ҳолат баробар ба сифр аст, чун ҳар нафаре, ки номаш зикр нашуда, метавонист даъво кунад. Вазорати дохила аммо бидуни ироаи камтарин далеле, мудирияти маъруфтарин гурӯҳро “қаллоб” номид.
Гуфта мешавад Раҷаби Мирзо ва бархе дигар аз фаъолон ба вазорат даъват ва бо онҳо “сӯҳбат” гузаронида шудааст. Ва амр шуда, то маблағҳои ҷамъомада дар суратҳисобашонро ба суратҳисоби Вазорати молия гузаронанд.
Аммо Раҷаби Мирзо дар саҳифаи гурӯҳ эълон кард бидуни иҷозаи мардум ҳақ надорад пули онҳоро ба суратҳисоби вазорат гузаронад ва гуфт маблағҳои воридшуда баргардонида мешаванд ва ҳар касе хост метавонад онро дубора ба суратҳисоби вазорат гузаронад. Аммо ҳеҷ касе нагуфт маблағи маро ба суратҳисоби вазорат гузаронед ва ҳоло маълум мешавад баъди баргардонида шудани маблағаш ҳам касе онро ба суратҳисоби Вазорати молия ирсол накардааст.
Бештари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ баъди эълони Вазорати дохила навиштанд, ки ба мақомот бовар надоранд ва омода нестанд кӯмакашон тавассути мақомоти расмӣ ба зарардидагон бурда шавад. Ҳамчунин фишор болои фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ, бахусус мудирияти гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” интиқодҳои шадиди корбаронро барангехт. Бо эътироз ба “қаллоб” хондани мудирияти гурӯҳ бештари корбарон мегуфтанд қаллобон дар вазоратҳо нишастаанд. Ва ба таҷрибаҳои қаблӣ, аз ҷумла кушодани ҳисоб барои мубориза бо коруно ишора мекарданд, ки мақомот бо фарқ аз мудирияти гурӯҳ, ҳеҷ ҳисоботе аз маблағҳои ҷамъшуда ироа накардаанд ва маълум нест ба куҷое масраф гаштанд, ё аз тарафи масъулин ғорат шуданд.
Дар ҳамин ҳол Файзиддин Қаҳҳорзода гуфт, аҳолии зарардида дар муноқишаи марзӣ аз сӯи давлат кӯмаки молӣ гирифтанд ва қисми зиёди иншоотҳои зарардида низ барқарор шуданд. Бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, ки имкон дорад зарарҳо аз ҳисоби кӯмакҳои мардум ва созмонҳои байналмиллалӣ барқарор шудаву, ҳукумат ба номи худ сабт кардааст. Албатта камтар касе ба ин фарзия бовар мекунад. Бисёриҳо ба ин назаранд, ки воқеъан ҳеҷ маблағе ба суратҳисоби Вазорати молия ворид нашудааст.
…ва вазирони «ифшогар»?
Агар вазири молияву муовинаш камтарин саводи дипломативу сиёсӣ медоштанд, бардурӯғ ҳам бошад, эълон мекарданд, ки ба суратҳисоб миллионҳо сомонӣ ворид шудааст ва тамоми хонаҳои бозсозишуда дар Чоркӯҳ ва Хоҷаи Аъло, кӯмакпулиҳои ба хонаводаи ҷонбохтагону маҷрӯҳон расонидашуда ва ғайра аз ҳисоби ҳамин кӯмакҳои мардум будааст. Ва аз мардум ташаккур мекарданд, ки ба вазорат бовар кардаву кӯмакҳояшонро ба суратҳисоби он гузаронидааст на ба гуфтаи Вазорати дохила “суртаҳисоби сохташуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ” аз тарафи “қаллобон”. Вале дорем ончиро, ки дорем. Вазирону масъулин на танҳо пул мардумро ғорат мекунанду медузданд, балки бо “зиракии сиёсӣ”-е, ки доранд, худашон ҳама дуздиҳояшон ва сатҳи боварии мардум ба худашонро ифшо менамоянд. Ҳукумат Бег Сабурро барои ҳамин “ифшогари”-ҳояш аз ширкат дар нишастҳои матбуотӣ боздошт, аммо сатҳи вузарои дигар аз сатҳи Бег чандон болотар нест.
Инак, ҳамин як ҷумлаи кӯтоҳи муовини вазири молия, ки гуфт «ба суратҳисоб маблағ ворид нашудааст» сатҳи боварии мардум ва ҳатто созмонҳои байналмиллалӣ ба ҳукуматро маълум кард — 0. Як дирамро ба Вазорати молия ва Вазорати дохила бовар накардани мардум ба ин маънист, ки камтарин боварие ба ҳукумат надорад. Ба ҳукумати Эмомалӣ Раҳмоне, ки дар интихобот беш аз 90 дарсад “овоз гирифтааст”.
Гузашта аз ин, маълум мешавад созмонҳои байналмиллалӣ ҳам дигар ба ҳукумати Тоҷикистон бовар надоранд ва намехоҳанд кӯмакҳояшонро тавассути ҳукумат расонанд. Танҳо ҳамин мондааст, ки ҳукуматҳои кишварҳои дигар низ эълон кунанд минбаъд тамоми кӯмакҳояшонро мустақиман эҳтиёҷмандон хоҳанд расонд.
Албатта намешавад фарзияи дигарро ҳам нодида гирифт. Ин ки шояд кӯмакҳо ворид гаштаву аз тарафи масъулин ғорат шудаанд. Вале ин асли масъаларо тағйир намедиҳад ва ин боварро, ки ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон як ҳукумати молимардумхӯр ва дузд аст, тақвият мебахшад.
Бо гумони ғолиб, баъди “ифшогарии” Ҷамшед Каримзода ва ин навиштаи мо, ба зудӣ ӯро мисли муовини вазири тандурустӣ, ки баъди якҷоя кардани ҳарду Корея барканор шуд, аз кор мегиранд. Аммо шумо, хонандаи азиз, парво накунед. Ба ҷои ӯ ҳатман нафаре хоҳад омад, ки аз ӯ “босаводтар” ва “ифшогартар” аст.
P.S. Дар ҳоле, ки ин навишта нашр мешуд, акси расиде дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд, ки тибқи он Раҷаби Мирзо ба суратҳисоби Вазорати молия 10 000 сомонӣ супоридааст…
Пас ин маблағ куҷо шуд, Каримзода ва Қаҳҳорзода?