Рубрики Хабарҳо

Бритониё Эронро ба ҳамла ба нафткаши исроилӣ муттаҳам кард 

Доминик Рааб, вазири хориҷаи Бритониё рӯзи якшанбе Эронро масъули ҳамла ба нафткаши мутааллиқ ба тоҷири исроилӣ дар дарёи Уммон донист. 

Дар ҳамлаи панҷшанбешаб ба ин киштӣ як табааи Бритониё ва як шаҳрванди Руминия кушта шуданд. Вазири хориҷаи Бритониё гуфт, ки ҳамла ба нафткаши MT Mercer Street “ғайриқонунӣ ва сангдилона” буд. 

Вай афзуд, ки Лондон ба ҳамроҳи муттаҳидонаш барои “вокуниши ҳамоҳанг” ба ин ҳамлаи маргбор барномарезӣ мекунад. 

Нафтали Бенет, нахуствазири Исроил низ рӯзи якшанбе гуфт, ки Эрон бо ҳамла ба киштии Mercer Street  иштибоҳи бузургеро муртакиб шуд ва посух онро дарёфт хоҳад кард. 

Бенет рӯзи якшанбе аввали август, бо баёни ин матлаб дар ҷаласаи кобинаи Исроил афзуд: “Шавоҳид ва иттилооте дар даст дорем, ки нишон медиҳад ин ҳаракати буздилона аз сӯи Эрон анҷом шудааст. Мо аз ҷомеаи байналмилалӣ интизор дорем ба Эрон бифаҳмонад, ки чӣ иштибоҳи бузургеро муртакиб шудааст.” 

Бенет албатта дар идома Эронро таҳдид кард ва афзуд: “Албатта мо, ки медонем дар ҳар сурат чигуна паёмро ба шеваи худ ба Эрон ирсол кунем.” Бенет дар идома афзуд: “Рафтори қулдурии Эрон на танҳо барои Исроил, ки барои тамоми дунё хатарнок аст ва ба манофеъи ҷаҳонӣ, озодии дарёӣ ва ҳамчунин ба тиҷорати байналмилал низ осеб мезанад.” 

Нахуствазири Исроил ҳамчунин муддаӣ шуд, ки Эрон аз ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин барои ҳамла ба киштии Mercer Street истифода кардааст. Киштие, ки бо парчами Либерия ва мутааллиқ ба Япония, ки тавассути ширкати исроилии Зодиак идора мешавад мавриди ҳамла қарор гирифт. 

Фармондеҳони артиши Бритониё ва Исроил гуфтугӯ карданд 

Фармондеҳоин нерӯҳои мусаллаҳи Бритониё ва Исроил рӯзи якшанбе пас аз он ки Лондон Эронро масъули ҳамлаи нафткаши Mercer Street донист бо якдигар гуфтугӯ карданд. Дар баёнияи артиши Исроил омадааст, ки Авив Коховӣ, раиси ситоди муштараки артиши ин кишвар ва Ник Картер, раиси ситоди артиши Бритониё “рӯйдодҳои ахир дар минтақа ва чолишҳои муштараки пеш рӯйи ду кишвар”- ро баррасӣ карданд. 

Дар ҳамин замина, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико мегӯяд Антони Блинкен бо вазири хориҷаи Исроил дар хусуси ҳамла ба киштии Mercer Street дар дарёи Уммон гуфтугӯ кардааст. 

Эдвард Прайс, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико, шомгоҳи шанбе эълом кард, Блинкен дар гуфтугӯ бо Яир Лапид дар ин робита сӯҳбат карда ва ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор додаанд. Ҳамчунин ду тараф тавофуқ карданд, ки Бритониё, Руминия ва соири шарикони байналмилалӣ барои баррасии ҳақоиқи ироаи пуштибонӣ ва ҳамчунин пайгирии мавзӯъ дар мароҳили баъдӣ бо якдигар ҳамкорӣ кунанд. 

Дафтари вазири умури хориҷаи Исроил ҳам дар баёнияе эълом кард, ки ду тараф дар ин гуфтугӯ дар хусуси ҳамла ба киштӣ дар савоҳили Уммон ва ҳамчунин “муборизаи муштарак бо терроризми Эрон” ва тадвини як посухи байналмилалии асосӣ ва муассир бо якдигар гуфтугӯ кардаанд. 

Ширкати исроилии Зодиак эълом кардааст, ки дар пайи ҳамла ба нафткаши Mercer Street  мутааллиқ ба ин ширкат ду нафар аз аъзои хадама кушта шудаанд. Эял Офер, миллиардери исроилӣ молики ширкати Зодиак аст. 

 Эрон иттиҳомотро такзиб кард 

Мақомҳои исроилӣ пештар муддаӣ шуда буданд, ки ин ҳамла аз сӯи Эрон анҷом шудааст. Ин дар ҳолест, ки Теҳрон ин иттиҳомотро беасос хондааст. Саид Хатибзода сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон бо ради ин иттиҳомот афзуд: “Мавҷудияти номашруъи режими саҳюнистӣ аз иттиҳомизаниҳои воҳӣ даст бардорад.” Ӯ ҳамчунин дар идома бо ишораи ба ин ки Исроил пештар ҳам чунин иттиҳомоте ба Эрон ворид кардааст идома дод: “Исроил бояд бидонад бо ин фарофиканиҳо дарде аз дардҳояш даво намешавад ва ҳар кас, ки бод бикорад тӯфон дору хоҳад кард” 

Ин дипломати эронӣ ҳамчунин тасреҳ кард: “Эрон лаҳзае тардид намекунад барои ин ки аз манофеъи олии мардум ва аз амнияти миллии худаш муҳофизат кунад.” 

Пештар новгони панҷуми нерӯи дарёии Амрико низ дар баёнияе эълом карда буд, ки баррасиҳои баамаломада нишон медиҳад, ки ин ҳамла аз тарафи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Эрон сурат пазируфтааст. 

Як мақоми амрикоӣ, ки нахост номаш фош шавад дар ин хусус ба хабаргузории Ассошейтн пресс гуфтааст ин паҳпод аз болои пули нафткаш ва ҷое, ки нохудо ва хадамаи фармондеҳии киштӣ дар он ҳузур доранд мунҷар шудааст. Дар пайи ин ҳамла ду шаҳрванди бритониёӣ ва руминиёӣ ҷонӣ худро аз даст додаанд. 

Мақомҳои исроилӣ бидуни ин ки санаде ироа диҳанд, Эронро масъули ин ҳамла муаррифӣ кардаанд. Дар ҳамин росто рӯзи ҷумъаи Яир Лапид, дар твитте аз гуфтугӯи худ бо Доминик Рааб, вазири умури хориҷаи Бритониё хабар дод. Лепид дар ин робита аз “ниёз ба ироаи посухи шадид” ба ин ҳамла сӯҳбат карда буд. Дар айни ҳол ӯ ба сурати мустақим ишорае ба нақши Эрон дар ин ҳамла накард аммо дар айни ҳол навишт: “Эрон фақат мушкили Исроил нест. Балки содиркунандаи терроризм, вайронӣ ва бесуботӣ аст, ки кули ҷаҳонро таҳти таъсир қарор медиҳад. Мо ҳаргиз наметавонем дар муқобили терроризми Эрон, ки ба ҳақи киштиронии озод латма мезанад, сукут кунем.” 

Боло гирифтани танишҳо миёни Эрон ва Исроил дар ҳоле сурат мегирад, ки бо поён ёфтани давлати Ҳасан Рӯҳонӣ, музокирот барои эҳёи Барҷом ҳам ба ҳолати таълиқ даромадааст ва тардидҳо дар хусуси пайгирии барномаи ҳастаии Эрон ва ҳамчунин гуфтугӯҳои ҷаҳонӣ барои эҳёи Барҷом ба шиддат афзоиш ёфтааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *