Шабакаи иттилоотии Indian Times навишт, ки соҳибкори миллиардери ҳиндӣ Гаутам Аданӣ сарватмандтарин марди Осиё дониста шуд.
Тибқи шохиси Bloomberg, Адании 59-сола ба маблағи 88,5 миллиард доллар сарват дорад. Ӯ ҳамватани худ Мукеш Амбаниро зинае пас гузошта, сарватмандтарин марди Осиё шуд.
Дороии Гаутам Аданӣ ҳамин сол тақрибан 12 миллиард доллар афзоиш ёфтааст. Ӯ дар феҳристи сарватмандтарин одамони ҷаҳон дар ҷои 10-ум қарор дорад. Инчунин дар рейтинги Forbes бо 90,2 миллиард доллар дар ҷои 10-ум қарор гирифт.
Гаутам раиси ширкати Adani Group Corporation мебошад. Корпоратсия ширкатҳоеро дар бар мегирад, ки дар соҳаҳои нақлиёт, тиҷорат, кишоварзӣ, истихроҷи маъдан, энергетика, амволи ғайриманқул, логистика фаъолият мекунанд.
Гуфта мешавад, ки ду сол қабл дороии Аданӣ ҳудуди 40 миллиард доллар будааст.