Рубрики Хабарҳо

Охирин мубориз

Баъди қудрат додан ба додситонӣ то ҳаде, ки ин ниҳод метавонист болои додрасҳову вакилони дифоъ ҳам фишор оварад, шумори вакилони дифоъе, ки ҷуръат доштанд масъулияти касбиашонро новобаста аз парвандаи муттаҳам ба ҷиноят ба пуррагӣ анҷом диҳанд. кам шудан гирифт. Парвнадакушоӣ алайҳи додрасҳову вакилони дифоъ, таъқибу боздошт ва зиндоникунии онҳое, ки ҷуръат мекарданд алайҳи бедодгариҳои додситонҳо эътироз кунанд боис шуд додрасҳову вакилони дифоъ худро ба шароит мувофиқ кунанд. Боризтарин намунаи ин мутобиқшавиро додраси парвандаи Зайд Саидов гуфтааст: замона чунин аст.

Аммо вакилони дифоъе буданд, ки нахостанд ба шароит мутобиқ шаванд ва дар қиболи ин бедодгаризои додситонӣ хомӯш бошанд. Гурӯҳе бо эътироз ба ин шароит тарки фаъолият карданд, гурӯҳе тарки ватан намуданд ва гурӯҳи дигар зиндонӣ ва ё ҳатто кушта шуданд. 

Қабл аз таҳавулоти соли 2015 гурӯҳи бисёр хурди вакилоне боқӣ монда буданд, ки бо вуҷдуи хатар ба ҷонашон ба масъулияти худ содиқ буданду бо таҳаммули риски зиёд ба озодиву саломатӣ ва ҳатто ҷонашон ҳимоят аз айбдоршавандаҳоро идома медоданд. Яке аз маъруфтарину ҷасуртарини онҳо Бузургмеҳр Ёров буд. Солҳои 2013-2015 айбдоршавандаҳое, ки парвандаашон сиёсӣ буду ҳеҷ вакиле ҳозир намешуд ҳимояашонро ба дӯш гирад, ҳамагӣ чанд вакил доштанд, ки маъруфтарини онҳо Файзинисо Воҳидова дар Хуҷанд ва Бузургмеҳр Ёров дар Душанбе буданд. Бояд аз ҳақиқат нагзарем ва эътироф кунем: вакилони дигаре ҳам буданд, ки ин гуна парвандаҳоро ба дӯш мегирифтанд ва масъулиташонро то ҳади имкон анҷом медоданд, аммо барои онҳо низ ҳад вуҷуд дошт, ки аз он наметавонистанд убур кунанд. Танҳо чанд нафар барои пойдории адолат то охир мубориза карданд. Ҳаминҳо буданд, ки ҷомеъа ҳанӯз ба пирӯзии адолат боварӣ дорад. 

Ёров барои 26 сол ба зиндон фиристода шуд ва Воҳидова террор шуд. Режим ҷуръат накард Воҳидоваро, ки дар маҳфилҳои атвокатии ҷаҳон маъруф буд, ба ҳабс гирад. Ҳабси чунин вакиле ва он ҳам зан эҳтимоли зиёди таҳримҳоро дошт. Бинобар ин бо ноҷавонмардонатарин амалиёт — додани заҳри қотил ӯро аз байн бурд. 

Баъди ҳабси Бузургмеҳр Ёров ва террори Файзинисо Воҳидова адвокатураи тоҷик ба як ниҳоди дастнишондаи ҳукумату додситонӣ табдил гашт. Вакили додхоҳе боқӣ намонда, ки ҳар мазлуме бо ин итминон, ки аз ҳақиқат канор намеравад ба ӯ муроҷиат кунад. Муборизе барои ҳуқуқи мардум боқӣ намондааст. 

Замони хилофати Умар ибни Хаттоб (р) чанд нафар мардеро назди ӯ оварданд ва гуфтанд “эй амиралмӯъминин, қасоси моро аз ин мард бистон, ки падари моро куштааст”.

Ҳазрати Умар (р) аз он мард пурсид “чаро куштӣ?”

Гуфт: шутури зебое доштам, ки дӯсташ медоштам. Ба марзаи ин мард сар зад ва аз он бихӯрд. Падарашон шутурро бо санге зад ва он мурд. Ман ҳам бо ҳамон санг ӯро задам ва ӯ ҳам мурд.

Ҳазрати Умар гуфт: “бояд бароят ҳад ҷорӣ шавад” (яъне кушта шавӣ).

Он мард гуфт: “Ё Амиралмӯъминин, бароям се рӯз фурсат деҳ. Падарам фавтида ва ба ману додари кӯчакам канзе боқӣ гузоштааст. Агар ҳоло ман кушта шавам он канз ва додарам, ки хурдсол аст, зоеъ мешаванд”.

Амирулмӯъминин пурсид: “чӣ касе зоминат мешавад?”

Мард ба атроф нигарист ва ба яке ишора карду гуфт “ин нафар”.

Ҳазрати Умар аз он мрад пурсид: “зоминаш мешавӣ ё Абӯ Зар?”

Абӯ Зари Ғифорӣ гуфт “бале”.

Гуфт: “ту ӯро намешиносӣ ва агар фирор кард, ҳадро ба худат ҷорӣ хоҳам кард”.

Абӯ Зар посух дод: “ман зоминаш ҳастам ё Амиралмӯъминин”.

Он мард рафт ва се рӯз гузашту дараке аз ӯ набуд. Наздик буд ҳад ба Абӯ Зари Ғифорӣ, саҳобаи бузурги Расулуллоҳ (с) ҷорӣ шавад.

Наздики шом буд, ки он мард бо асари хастагӣ дар чеҳрааш ворид шуд. Назди Умар ибни Хаттоб (р) омад ва гуфт: “канзро берун овардам ва бародарамро ҳам таъмин сохтам. Акнун метавонед ҳадро бар ман ҷорӣ созед”.

Ҳазрат пурсид “чӣ чиз водорат сохт баргардӣ, дар ҳоле ки метавонистӣ фирор кунӣ?”

Гуфт: Тарсидам, ки баъд аз он хоҳанд гуфт вафо ба аҳд аз байни мардум рафтааст.

Амирулмӯъминин рӯ ба Абӯ Зар кард ва гуфт “ту чаро зоминаш шудӣ?”

Посух дод “тарсидам, ки хоҳанд гуфт некӣ аз байни мардум рафтааст».

Инҷо буд, ки фарзандони мақтул мутаассир шуданду гуфтанд “мо ӯро бахшидем!”

Умар (р) гуфт: Чаро?

Гуфтанд: Тарсидем, ки хоҳанд гуфт, авф аз байни марудм рафтааст…

Имрӯз Бузургмеҳр Ёров шашумин бор зодрӯзи худро дар зиндон пешвоз гирифт. Ҳеҷ чизе ҷуз адолатхоҳӣ ӯро паси деворҳои зиндон набурдааст.  Ӯ худро қурбонӣ кард ва дигар касе дар ҷаҳон наметавонад даъво кунад, ки дар Тоҷикистон муборизе барои адолат ва ҳуқуқҳои мардум вуҷуд надорад.

Танҳо даст кашиданаш аз ҳимояти аъзои Раёсати олии ҲНИТ кофӣ буд, ки касе ба ӯ кор нагирад ва ба фаъолияташ идома диҳад. Вале ӯ розӣ шуд паси панҷараҳои зиндон равад, то ҳаргиз касе даъво карда натавонад, ки дар Тоҷикистон вакиле, ки масъулияти ҳимояи мардумро аз озодии худ болотар медонад, вуҷуд надорад.

Субҳи 28 сентябри соли 2015 ба утоқи кории ӯ гурӯҳе аз кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил ворид шуда гуфтанд сардорашон Ёровро ба сӯҳбат даъват мекунад ва аз ӯ талаб карданд, ки ҳамин алъон бархезад ва бо онҳо ба назди сардорашон равад. Зеро ба гуфтаи онҳо сардорашон мунтазир шуданро дӯст намедоштааст. Бузургмеҳр Ёров посух дод: кор бо парвандаҳои муштариёнам барои ман муҳимтар ҳатто аз даъвати худи Эмомалӣ Раҳмон ба сӯҳбат аст. 

Замоне ки боздошт шуда буду алайҳаш парванда боз карда буданд, аз ӯ хостанд то аз раисҷумҳур узр пурсад ва ба озодӣ барояд. Вале ӯ бо ғурур ин пешниҳодро рад кард ва сари баланди худро то абад ҳифз намуд.

Бузургмеҳр Ёров бо истодагиву ғурураш умеди мардум ба озодиро ҳифз кард ва ба намоди ҳақҷӯиву адолатхоҳӣ табдил шуд. Ӯ дар зиндон аст, шиканҷаву таҳдид мешавад, камтар аз зиндониёни дигар ҳуқуқ дорад, аммо ғуруру номус ва шарафу ҷавонмардиашро ҳифз кардааст. Вуҷуди чунин ҷавонмарде ҳатто дар зиндон ба мардум умед мебахшад. Ин умедро, ки рӯзе ӯву дигар ёронаш аз зиндони режим озод мешаванд ва ба ҳимоят аз мазлумон идома медиҳанд. 

Ӯ охирин мубориз барои адолати додгоҳи ва ҳуқуқи мардум аст. Ҳарчанд ҳоло асир асту дасткӯтоҳ, ҳатман рӯзе бо пирӯзӣ ва сари баланд берун хоҳад омад, то бори дигар ба ҷаҳониён собит кунад, ки ҳақиқат дар Тоҷикистон зиндааст.  

Зодрӯзи ин ҷавонмард муборак бод!

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *