Хабаргузории Интерфакс ба нақл аз вазорати дифоъи Русия хабар дод, ки 6 нови (киштии ҷангӣ) ин кишвар аз Баҳри Миёназамин барои размоиши баҳрӣ ба самти баҳри Сиёҳ ҳаракат кардаанд.
Бар асоси эъломи вазороти дифоъи Русия, ҷобаҷоии ин новҳо аз пеш барномарезӣ шуда будааст. Русия моҳи январ эълом кард, ки нерӯи баҳрии ин кишвар дар моҳҳои январ ва феврал, маҷмӯаи размоишҳои густурдаеро бо ҳузури тамоми новгони худ аз Уқёнуси Ором то Уқёнуси Атлантик баргузор хоҳад кард.
Бархе таҳлилгарони сиёсӣ аз размоиши баҳрии Русия ба унвони охирин намоиши қудрат дар пасманзари таниш бо Ғарб бар сари Укроин ном бурдаанд.
Манобеъи туркӣ ба Рейтерз гуфтаанд, ки новҳои русӣ қарор аст дар рӯзҳои сешанбе ва чаҳоршанбе аз тангаҳои Туркия ба самти баҳри Сиёҳ убур кунанд.
Бар асоси эъломи манобеъи туркӣ, новҳои Королёв, Минск ва Калининград рӯзи сешанбе ва новҳои Петр Моргунов, Георгий Победоносетс ва Олингорский горняк ҳам рӯзи чаҳоршанбе аз тангаи Босфор убур хоҳанд кард, ки дар қаламрави баҳрии Туркия қарор дорад.
Туркия ба унвони узве аз НАТО аз назари қонунӣ метавонад тангаҳои худро дар сурати ҳамлаи низомии Русия ба Укроин бубандад.
Русия бо вуҷуди истиқрори беш аз 100 ҳазор сарбози худ дар наздикии марзи Укроин, ҳаргуна барномаеро барои ҳамлаи низомӣ ба ин кишвар рад кардааст. Бо ин ҳол Маскав хостори дарёфти тазминҳои амнияти густурда аз Ғарб аст.
Туркия, ки бо Укроин ва Русия дар баҳри Сиёҳ марзи баҳрии муштарак дорад, бо ғайри қобили қабул донистани ҳаргуна даргирии низомӣ дар минтақа, эълом кард, ки ин мавзӯъро ба иттилоъи Маскав расондааст.
Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия пешниҳод кардааст, ки Анқара дар муноқиша байни Маскав ва Киев миёнҷигарӣ кунад.
Анқара агарчи равобити самимонае бо Маскав ва Киев дорад аммо Урдуғон гуфтааст, ки кишвараш ба унвони узви НАТО дар сурати ҳамлаи Русия ба Укроин, он чи лозим бошадро анҷом хоҳад дод.