Рубрики Хабарҳо

Қарори бемантиқ: Ниқоб бояд фақат сафед бошад

Хабаргузории Turkmen News навиштааст, ки дар Туркманистон истифодаи ниқоби ғайри ранги сафед дошта манъ шуд. Тамоми соҳаҳоро тафтиш карда мешавад,  агар нозирон кӯдакони ниқоби сафед надоштаро ошкор кунанд, омӯзгорон ва директорон танбеҳ дода мешаванд.

Бино ба гузоришҳо, дар моҳи декабри соли гузашта пулиси роҳ дар Ишқобод ронандагонро танҳо бо талаби пӯшидани ниқоби сафед боздошт мекард. Моҳи январ хабар дода шуд, ки пулиси пойтахт ба пиёдагардҳо ва донишҷӯёни донишгоҳу макотиб низ чунин талабҳоро оғоз кард. Ҷарима барои пӯшидани ниқоби ранги дигар 50 манат аст. Шарҳ дода нашудааст, ки чаро ниқобҳои ранга манъ шудааст.

Худи раисҷумҳури кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов,  барои мувофиқат бо ранги либосаш на танҳо сафед, балки ниқобҳои ранга низ дошт.

Қаблан, 28 январи соли ҷорӣ дар Ишқобод истифодаи ниқобҳои тиббии сиёҳ комилан манъ шуда буд.

Қобили зикр аст, ки пӯшидани ниқобҳо дар Туркманистон дар оғози пандемияи коронавирус манъ шуда буд. Мардони ниқобпӯш ба “барангехтани воҳима” муттаҳам мешуданд. Пас аз сафари миссияи ТУТ дар моҳи июли соли 2020, ҳукумат ба ҷорӣ кардани қоидаҳои санитарӣ бар зидди эпидемия шурӯъ кард ва пӯшидани ниқобро ҳатмӣ кард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *