Ин ҳодисаи табиӣ вобаста ба номаш хеле гуногун мешавад. Масалан бод, гирдбод, ё худ тарнадо, насим-шамолаки форам, шаббода-насими шабҳои тобистон вазанда, тундбод-шамоли сахт, тӯфон-шамоли чангу ғуборолуд, самум-шамоли бади садояш ғамангез ва хелеи дигар.
Боре ба назди шоҳ Сулаймон зани солхӯрдае барои шикоят омад ва гуфт, ки ба охирин пулаш орд харидааст ва нохост шамоле сахт вазида ордашро парешон кардааст. Зани пир мехост товони орди парешонашро аз шамол ситонад. Албатта подшоҳе дигар шояд он занро аз даргоҳаш меронд, аммо Сулаймон хирадманд буд. Товони орди кампирро аз киштиронҳое ситонд, ки шаби дароз дар талаби шамол дуо хонданд.
Баъзан чунин мешаванд, ки ранги осмон дар Пекин сабз мегардад. Дар ин гуна рӯзҳо агентии обуҳавошиносии Чин дар бораи шамолҳои сахт, ки хоки зардро аз биёбони Гобӣ оварда мепошад, хабар медиҳад.
Мувофиқи маълумоти метеорологҳои амрикоӣ, онҳо ба наздикӣ тавонистанд, ки вазиши сахттарини шамолро дар тӯли бист соли охир сабт кунанд. Сабти суръати шамол дар Ню Ҳемпшир ба назар расид. Суръати вазиши шамол 70 метр дар як сонияро ташкил мекард. Воқеан, дар соли 1934 дар ҳамон ҷо рекорди мутлақи суръати шамол сабт шуда буд, ки то ҳол мислаш шамоле навазидааст. Суръати он баробари — 103 метр дар як сония буд.
Шамол метавонад на танҳо уфуқӣ, балки амудӣ ҳам бошад. Дуруст аст, ки қувваи шамоли амудӣ аз уфуқӣ садҳо маротиба камтар аст. Ягона мавҷудоти зиндае, ки дар шамоли хеле сахту сард тухм гузошта чӯҷа мебароранд, пингвинҳои императорӣ мебошанд. Инҳо тобовартарин паррандаҳо ба хунукӣ мебошанд, онҳо чӯҷаҳои худро дар Антарктида парвариш мекунанд ва дар зимистон, дар шабҳои тундбоди сардиаш 60 дараҷа ҳам тоқат мекунанд.
Шамолҳои сахттарин дар системаи офтобӣ дар сайёраи Нептун ба қайд гирифта шудааст. Ин сайёра бо тундбодҳо ва шамолҳои тезаш машҳур аст, ки ҳамеша танҳо ба самти ғарб бар зидди гардиши сайёра мевазад. Суръати баландтарини шамол, ки олимон дар Нептун чен кардаанд, 2200 км / соат аст. Дар миқёси ченаки Боттфорт дар баробари ишораи оромӣ ва тундбод, истилоҳи “Шамоли тоза” мавҷуд аст. Агар шамол бо суръати аз 8 то 10 метр дар як сония вазида шавад, онро шамоли тоза меноманд!
Маълум мешавад, ки шамолҳои сахттарин дар сайёраи мо дар баландии аз 8 то 50 километр аз сатҳи замин мевазанд. Аксар вақт онҳо аз ғарб ба шарқ нигаронида мешаванд ва баъзан суръатро ба 450 километр дар як соат мерасонанд. Яке аз шаҳрҳои Ӯрдун ҳар рӯз ба таъсири харобиовари бод дучор мешавад. Ин ҷо худи шамол, ё қуми оварда мепошидааш хатарнок нест. Хатар аз намакест, ки аз баҳри Мурда тавассути тундбод меояду ёдгориҳои таърихии ин шаҳрро хароб мекунад.
38 сол қабл, ҷаҳон дид, ки астронавти амрикоӣ аввалин шахсе буд, ки дар болои Моҳ фуруд омад. Аммо пас аз чанд сол, як далели ҷолиб диққати одамонро ҷалб кард! Астронафти амрикоӣ парчами Амрикоро дар Моҳ насб кард ва ҳангоме кадр ба одамон намоиш дода шуд, ҳаамагон шоҳиданд, ки парчам алвонҷ мехӯрд, гӯё шамол буд. Суоле ба миён омад, ки дар Моҳ шамол аз куҷо пайдо шуд? Ана то ҳол хелеҳо дар он фикранд, ки ба ҳар ҳол амрикоиҳо дар Моҳ парчам назадаанд.
Соима Саидӣ