Сару садои сафари ҳаҷҷи умра ва масрафи ҳангуфти он ҳамасола дар фазои расонаҳо то чанд боре интишор мешавад. Аммо дараки чораи фанду фиреб, лоақал аз роҳи ибодат пайдо намешавад.
Солҳое зиёд инҷониб бештари хоҳишмандони зиёрати Байтуллоҳ тавассути ҳамсоякишварҳо Ӯзбекистон, Қазоқистон ва албатта хеле осонтар тавассути Русия номнавис мешаванд ва парвоз мекунанд. Дур наравем, аз худи Ӯзбекистон ҳафтае 16 маротиб парвоз ба макони муқаддас анҷом дода мешавад ва харҷи роҳ ҳам қариб ду баробар арзонтар аст.
Имсол аз ҳар нафар 500 доллар маблағ бо баҳонаи супоридани боҷи давлатии Саудӣ ситонидаанд. Дар ҳоле, аз сафорати Арабистони Саудӣ гуфтаанд: «Мо дар Тоҷикистон визаи Ҳаҷ намефурӯшем, раводид ройгон аст»
Сабаби то ҳанӯз номаълум дар иҷозаи парвоз доштани танҳо ду ширкати ҳавоӣ аз Тоҷикистон аст. Корманди яке аз ширкатҳое, ки зоиринро ба умра мебаранд, гуфтааст, ки $500 доллар аз пуле, ки зоирин месупоранд барои гирифтани визо ва боҷи давлатии Саудӣ масраф мешавад. Аз сафорати Шоҳигарии Саудӣ изҳор доштаанд, ки раводиди Ҳаҷҷи умра барои ҳоҷиёну зоирини Маккаи мукаррама аз Сафорат содир мешавад ва он чи дар хабар омадааст ҳеч асосе надорад, яъне мутлақо ройгон аст.
Раводидро аз сафорат ширкатҳои мутахассис, ки аз Кумитаи дини Тоҷикистон иҷозатнома доранд, бе ягон пардохт мегиранд. Баъдан ба майлу хотири нафс онро “пул мекунанд”.
Ба суоли ин, ки чаро дар Тоҷикистон танҳо ду ширкат — «Расул-сохтмон» ва «Ормон» ҳаққи бурдани зоиринро ба Арабаистони Саудӣ доранд, ҳанӯзам ҷавоби мушаххасе нест. Инчунин ҳолатҳо дар кишварамон ангуштшумор ҳам нестанд, ки дар ҳайрат бошем.