Филми «Дов» барои ба даст овардани «Медали Юнеско – Ганди» дар Фестивали 53-юми байналмилалии кинои Ҳиндустон бо филмҳои истеҳсоли Бангладеш, Булғористон, Ҳинд, Эрон, Бразилия ва Канада рақобат мекунад.
Фестивали 53-юми байналмилалии кинои Ҳинд аз 20 то 28 ноябр дар Гоа- яке аз 29 иёлати Ҳиндустон баргузор мегардад. Ин фестивал яке аз калонтарин дар Осиё мебошад, ки дар он 187 филм аз 89 кишвари ҷаҳон намоиш дода мешаванд. Аз ин филмҳо 26-тоаш барои дарёфти ҷоизаи Оскар пешбарӣ хоҳанд шуд.
Фестивали 53-юми байналмилалии кинои Ҳиндустон шурӯъ аз соли 1952 баргузор мегардад. Он аз соли 2004 инҷониб дар шаҳри Панажи- пойтахти Гоа баргузор мешавад. Макони баргузории филмҳо маркази фарҳангии Кала Академия мебошад. Барномаи Фестивали байналмилалии филмҳои Ҳиндустон дар ҳафт толори кинотеатри пойтахти Гоа баргузор мешавад.