Имрӯз зодрӯзи яке аз тавонотарин ва донишмандтарин сиёсатмадорони тоҷик аст. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, собиҷ қозии мусалмонон ва собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон 68-сола шуд.
Мо навиштае беҳтар аз навиштаи шоир ва рӯзноманигор Зафари Сӯфӣ дар бораи Тӯраҷонзода дар рӯзи мавлудаш пайдо накардем ва онро бознашр мекунем:
Ба назари ман ӯ як инсони бузургест, ки дар макони мувофиқ, аммо дар замони номувофиқ таваллуд шудааст.
Ин ҳечаконе, ки ҳар аз чанд гоҳ алайҳаш ҳарфҳои дурӯғ ва туҳмат мепарокананд, як тараф, бутҳояшон ҳам ҳатто аз сояи ӯ дар ҳаросанд. Ӯ он қадар қавӣ аст, ки бо надоштани ҳеч мансабу вазифае аз ҳамаи мансабдорҳо бештар обруву маҳбубияту ҷойгоҳи мардумиро соҳиб аст.
Заковати зотӣ, тавони зеҳнӣ ва саводу огоҳии ӯ дар ҳама ришта ӯро яке аз уҷубаҳои рӯзгори мо кардааст.
Дар тамоми кишвар ва шояд минтақаи Осиёи Марказӣ дар заковату тадбиру озодагӣ ва точики арзишмеҳвар бо ӯ баробаре, ҳамсанге, ҳамтое вуҷуд надорад.
Агар ёронаш мувофиқ мебуданд ва ошноёнаш мунофиқ намебуданд ва бадхоҳонаш як зарра инсофу ҷавонмардӣ медоштанд ҳамакнун на танҳо вазъи ӯ, балки авзоъи миллату кишвар дигаргуна мебуд.
Бузургтарин ва тавонотарин фарде барои ислоҳот ва арзандатарин намояндаи миллат дар сатҳи байналмилал ба иҷбор дар рустои зодгоҳаш дар ҳолати хонабанд шабро рӯз ва рӯзро шаб мекунад.
Мулокот бо ӯ метавонад хашми мақомоти амниятӣ ва сиёсиро дар пай дошта бошад. Заковат ва тавони зеҳнӣ ва мудаббирияш рашки хеле аз қасру кохнишинҳоро овардаву меоварад ва алайҳи ӯ дар камоли ноҷавонмардӣ фитнаҳо тарҳрезиву роҳандозӣ мекунанд.
Худо шоҳид ман барои ҳеч кас ба ҳадде баро ӯ афсӯс намехӯрам. Барои баҳрабардорӣ ба нафъи миллату меҳан нашудани истеъдоду тавоноиву обрӯву дониши ин тоҷики сарбаланд дилам месӯзад.
Бале, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар макони мувофиқ, аммо дар замони номувофиқ ба дунё омадаву зиндагӣ дорад…
Зодрӯзашон хуҷаста ва умрашон дароз бод!