Рубрики Хабарҳо

62 кишвари ҷаҳон ба Тоҷикистон кумаки башардӯстона расонидаанд

Соли гузашта Тоҷикистон аз 62 кишвари хориҷи дуру наздик кумакҳои башардӯстона дарёфт кардааст.

Тибқи иттилои хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, соли гузашта аз кишварҳои донор ба маблағи 111 миллиону 390 ҳазор доллар ба Тоҷикистон кумаки башардӯстона ворид шудааст.

Дар маҷмӯъ, дар соли 2021 ҷумҳурӣ беш аз 29 ҳазор тонна кумаки башардӯстона қабул кардааст.

Дар ҳамин давра кумаккунандагон ба Тоҷикистон орд, равғани растанӣ, доруворӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ ва ғайра додаанд.

Ба сегонаи донорҳои беҳтарини Тоҷикистон Чин – 29,2%, ИМА – 20,7% ва Русия – 8,9% шомиланд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *