Рубрики Хабарҳо

Фейсбук барои рақобат бо Amazon ва Ebay бархост

Файсбук имкони фурӯши онлайн барои ширкатҳоро фароҳам карда ва метавонад бо се миллиард корбар, ба рақиби ҷиддӣ барои фурӯшгоҳҳои фурӯши интернетӣ табдил шавад. Органҳои зидди инҳbсории Амрико дар ҳоли баррасии ин мавзӯъ ҳастанд. 

Фейсбук то кунун чанд бор барои табдил шудан ба як платформи фурӯши интернетӣ талош карда, аммо муваффақияти чандоне ба даст наовардааст. 

Тозатарин талоши ин шабакаи иҷтимоӣ барои рақобат бо ғӯлҳои фурӯши интернитӣ монанд Еbay ва Амазон, бо талошҳои пешини он як тафовути асосӣ дорад: Марк Тсукерберг, бунёнгузори фейсбук, бо тамоми қад пушти он истодааст. 

Ӯ дар як паёми видеоии зинда таъкид кард, ки ҳадафи аслии ширкаташ барои роҳ андохтани фурӯшгоҳҳои интернетӣ, кумак ба ширкатҳои кӯчак аст, ки мағозаҳои собити онҳо ба далели густариши вируси коруно таътил шуда ва ба таври физояндае ба фурӯши онлайн рӯ овардаанд. 

Ба гуфтаи Тсукерберг, ин ширкатҳо “аксарияти таблиғкунандагон дар фейсбукро ташкил медиҳанд, ба ҳамин далел барои фейсбук ҳам муҳимм аст, ки итминон ҳосил кунад, ин ширкатҳо метавонанд корашонро идома диҳанд .” 

Шеваи хариду фурӯши фейсбукӣ 

Фаъолияти “фурӯшгоҳҳои фейсбук” ба ин шакл аст: Мағозаҳо ва ширкатҳо метавонанд ба таври ройгон як коло ё каталоги колоҳояшонро дар сафҳаи фейсбук ва инстогроми худ арза кунанд. 

Муштарӣ ё аз тариқи таблиғоти як ширкат ё муроҷиаи мустақим ба саҳифаи фейсбук ё инстогроми он, колои мавриди назарашро меёбад ва барои бастани муомила ба веб-сайти арзакунанда васл мешавад. 

Ширкати Фейсбук илова бар ин, имкони дигаре ҳам фароҳам кардааст: Фурӯшанда ва харидор метавонанд аз тариқи мессенҷер, вотсап ё инстогарам “ба таври зинда” бо якдигар дар тамос бошанд. 

Касоне, ки моиланд колоҳои монанди пӯшок, айнак ё лавозими ороиширо пеш аз харид имтиҳон кунанд, метавонанд аз тариқи augemented reality, акси колоро бар рӯйи акси худ насб кунанд. 

Ба гуфтаи фейсбук, насби “фурӯшгоҳ”бар рӯйи сафҳаи корбар, ройгон аст. 

Фурӯшгоҳи онлайнии фейсбук ҳамакунун дар Олмон фаъол шудааст. 

Ин ки оё қудратмандтарини шабакаи иҷтимоии ҷаҳон битавонад дар Амрико ҳам ба рақобат бо фурӯшгоҳҳои онлайнӣ бипардозад, ба натоиҷи таҳқиқоти органҳои зидди инҳисорӣ бастагӣ дорад. 

Ба гузориши хабаргузорит Олмон органҳои гуногуне, аз ҷумла комиссиюни тиҷоратии FTC, вазорати додгустарӣ ва 47 додситони умуми Иёлоти муттаҳида дар ин замина фаъол шудаанд. 

Онҳо мӯътақиданд, ки фейсбук бо се миллиард корбар дар саросари ҷаҳон бисёр қудратманд аст ва метавонад ба хатари ҷиддӣ барои фурӯшгоҳҳои онлайнӣ табдил шавад.

Сообщение ПАЁМ.net.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *