Тибқи маълумоти маълумоти Forbes Real Time вазъият дар Донбасс на танҳо ба иқтисоди халқи рус ё ба қурби рубли русӣ таъсир расонид, балки ба иштирокчиёни феҳристи маҳаллии Forbes ҳам зарар расонд. Дар як рӯзи 21 феврал онҳо беш аз 8 миллиард долларро аз даст додаанд. Рӯзи душанбе барои бозори саҳҳомон “Душанбеи сиёҳ” ном гирифт.
Бештар аз ҳама саҳҳоми бузургтарини “Лукойл” Вагит Алекперов зарар дидааст.
Ҳамин тариқ, Вагит Алекперов — 946 миллион доллар, соҳибони «Новатек» Леонид Михелсон — 927 миллион доллар ва Геннадий Тимченко — 906 миллион доллар бохтанд.
Миллиардерҳои рус бар асари поин рафтани шохиси Русия ва иқтибосҳои ширкатҳои русӣ дар маҷмӯъ 8 миллиарду 339 миллион доллар аз даст доданд.
Ба иттилои биржаи Маскав, дар оғози муъомилоти рӯзи 22 феврал, бозори саҳомии Русия 5,45% коҳиш ёфт.